spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Мушкилоти бозори фурӯши маҳсулоти саноати сабук дар Суғд


Корхонаҳои саноати сабуки вилояти Суғд, ки ба коркарди  амиқи нахи пахта машғуланд, ба тавсеаи бозори фурӯши маҳсулоти худ имкон надоранд ва аз ин рӯ, бо иқтидори аз нисф камтар кор мекунанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз шӯъбаи энергетика ва саноати ҳукумати вилояти Суғд хабар доданд, айни замон дар минтақа 12 корхонаи истеҳсоли ришта, матоъ ва маснӯоти дӯзандагӣ фаъолият доранд ва соли гузашта ин корхонаҳо дар маҷмӯъ истеҳсоли маҳсулотро нисбат ба соли 2010 ба андозаи 27,4% зиёд карданд.

«Таҳлил нишон дод, ки ин корхонаҳо ба ҳисоби миёна танҳо аз 14,2%-и иқтидори умумиашон истифода бурдаанд. «Айни замон дар вилояти Суғд барои коркарди то 32 ҳазор тонна нахи пахта дар як сол шароит фароҳам аст, вале ба истифодаи иқтидорҳои истеҳсолӣ бозори фурӯши маҳсулот таъсигузор аст, аз ин рӯ, вазифаи асосии истеҳсолкунандагон тавсеаи бозори фурӯш дар хориҷи кишвар аст», – гуфт манбаъ.

Ба гунаи мисол манбаъ дар бораи нишондиҳандаҳои истеҳсолии ҶДММ «Нику-Хуҷанд» маълумот пеш овард. «Соли ҷорӣ дар ин корхона 300 тонн нахи пахтаро коркард карданианд, ҳарчанд иқтидори истеҳсолии корхона ба коркарди то 3 ҳазор тонна пахта дар як сол баробар аст. Сабаб – мавҷуд набудани бозори фурӯш мебошад. Мушкилоти дигар болоравии қиммати пахта соли гузашта дар бозори ҷаҳонӣ буда, ба корхона харидани пахта бо нархи баланд ва сипас фурӯхтани ришта ба шарикони русиягиву туркӣ бо нархи пештара манфиатовар нест. Соли 2011 корхона ба маблағи 1 млн. 331 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кард, ки 36% аз ҳаҷми соли 2010-ро ташкил медиҳад», – афзуд манбаъ. 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...