Миёни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва ташкилотҳои хурди молиявии «Арванд», «Ҳумо ва шарикон», «Оксус» ва «Феникс+» оид ба пешниҳоди воситаҳои қарзӣ ҷиҳати ҷиҳати беҳбуди дастрасӣ ба захоири молиявӣ дар деҳоти Тоҷикистон созишнома ба имзо расид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд, қарзҳои пешниҳодшудаи ташкилотҳои мазкур дар ҳаҷми умумии 4,5 млн. Евро аз ҷониби ҳукумати Олмон дар асоси бурсӣ ҷудо карда шудаанд.
Бино ба иттилои манбаъ, ин воситаҳо мутобиқи тавофуқномаҳое, ки зимни гуфтушунидҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон дар шаҳри Бонн ҳосил шудаанд, дастрас мегарданд.
«Ҳукумати Олмон кӯмаки мазкур ба Тоҷикистонро дар чаҳорчӯби лоиҳаи «Рушди низоми молиявӣ дар манотиқи деҳот ҷудо кард, – гуфтанд дар Вазорати рушди иқтисод. – Барнома ба таҳкими мунтазами бахши молиявии хурд тавассути дастгирии муассисаҳои хурд ва миёнаи молиявӣ равона шудааст. Ҳадаф аз амалисозии лоиҳа – беҳбуди дастрасӣ ба захираҳои молиявӣ аст».
Интизорӣ меравад, ки дар доираи татбиқи лоиҳа минбаъд низ маблағгузории Олмон идома меёбад.