Сафири Покистон дар Тоҷикистон Амҷад Ҳусейн Бисёл имрӯз дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор кард, ки ояндаи наздик дар пойтахти Тоҷикистон намояндагии яке аз бонкҳои бузурги тиҷоратии Покистон – «Ҳабиббонк» боз мешавад.
Ба қавли вай, ҷонибҳоро мувофиқасозии як қатор масоили техникӣ зарур асту халос. «Ғайр аз ин, Бонки миллии Покистон, ки бонки давлатии тиҷоратӣ аст, низ ба ифтитоҳи намояндагии худ дар шаҳри Душанбе таваҷҷуҳ зоҳир сохт», – зикр кард дипломат.
Дар идома сафири Покистон гуфт, кишвараш аз лоиҳаҳое, ки роҳҳои автомобилгард ва роҳи оҳани давлатҳои Чин, Қирғизистон, Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Эронро ба ҳам мепайванданд, пуштибонӣ хоҳад намуд.
«Мо бо мақомоти раҳбарии ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон гуфтушунид доштем ва тибқи натиҷаҳои он, метавонам бигӯям, ки ояндаи наздик парвози ҳавопаймоҳо тавассути хатсайри Душанбеву Исломобод мунтазам сурат хоҳад гирифт», – афзуд сафир.