Нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов ҳайати намояндагони Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Газпром»-и Русия бо сарварии аъзои Шӯрои ҷамъият Всеволод Черепанов ва директори идоракунандаи Gazprom International Валерий Гулевро ба ҳузур пазируфт.
Тавре як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дар мулоқот масоили марбут ба амалисозии лоиҳаҳои муштарак баррасӣ шуданд.
Дар мулоқот зикр гардид, ки тибқи нақша соли равон дар майдони нафтугаздори «Сариқамиш» корҳои пармагарӣ бояд ба анҷом расанд.
Оқилов ба намояндагони ширкати «Газпром» пешниҳод кард, ки ба корҳои пармагарӣ дар майдони «Сариқамиш» вусъат бахшида шуда, ҳамчунин дар майдони нафтугаздори «Шоҳамбарии Ғарбӣ» корҳои иктишофи геологӣ оғоз карда шаванд.
Дар навбати худ намояндагони ширкати «Газпром» изҳор карданд, ки ҷиҳати омӯзиш ва амалисозии пешниҳодоти ҷониби Тоҷикистон чораву тадбирҳои зарурӣ андешида хоҳад шуд.