Дар Маскав Ҳамоиши III-уми ВАО-и миллии кишварҳои ИДМ ва Балтика ба кор шурӯъ кард

Душанбе. 2-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз дар шаҳри Маскав Ҳамоиши III -уми ВАО-и миллии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Балтика ба кор шурӯъ кард. Тавре аз Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, кишвари моро дар ин ҳамоиш директори генералии ҶДДМ «Азия-Плюс» Умед Бобохонов, котиби масъули Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Пӯлод Нуров ва […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 2-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз дар шаҳри Маскав Ҳамоиши


III


-уми ВАО-и миллии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Балтика ба кор шурӯъ кард.




Тавре аз Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, кишвари моро дар ин ҳамоиш директори генералии ҶДДМ «Азия-Плюс» Умед Бобохонов, котиби масъули Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Пӯлод Нуров ва дигарон намояндагӣ мекунанд.



Ба иттилои манбаъ, ҳамоиш аз ҷониби Оҷонсии иттилоотии «РИА Новости»-и Русия дар ҳамдастӣ бо Бунёди байнулмилалии ҳамкории гуманитарӣ созмон дода шуда, он то 3-уми декабри идома меёбад.



Зикр гардид, ки дар кори ҳамоиш намояндагони ВАО-и маъруфи кишварҳои Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Туркманистон, Ӯзбекистон, Украина, Эстония ва ҳамчунин коршиносону муҳаққиқони ин соҳа ширкат мекунанд. Қобили зикр аст, ки ҳамоиши нахустин соли 2006 дар шаҳри Маскав баргузор шуда буд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.