Имрӯз дар Суғд доир ба масъалаи зӯроварӣ дар хонавода мизи мудаввар доир мегардад

Хуҷанд. 28-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Исфара дар мавзӯи «Шарикии иҷтимоӣ дар мубориза бар зидди зӯроварӣ дар хонавода» мизи мудаввар баргузор мешавад, ки ба барррасии масъалаҳои ҷой доштани ҳодисаҳои зӯроварӣ дар оила, баробарҳуқуқии гендерӣ, риояи ҳуқуқи занон дар минтақа ва танзими фаъолияти мақомоти давлати ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар ин самт бахшида мешавад. […]

Мавлуда Рафиева


Хуҷанд. 28-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Исфара дар мавзӯи «Шарикии иҷтимоӣ дар мубориза бар зидди зӯроварӣ дар хонавода» мизи мудаввар баргузор мешавад, ки ба барррасии масъалаҳои ҷой доштани ҳодисаҳои зӯроварӣ дар оила, баробарҳуқуқии гендерӣ, риояи ҳуқуқи занон дар минтақа ва танзими фаъолияти мақомоти давлати ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар ин самт бахшида мешавад.




Тавре иҷрокунандаи вазифаи директори филиали иттиҳодияи ҷамъиятии «Маркази дифоъ аз ҳуқуқи инсон»-и шаҳри Хуҷанд Сайфулло Эргашев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар мизи мудаввар намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатии маҳаллӣ ва созмонҳои байнулмилалии ҷамъиятӣ иштирок хоҳанд кард.




           

С.Эргашев бар ин назар аст, ки натиҷаҳои мушоҳидаҳои ахир ба он гувоҳӣ медиҳанд, ки то ҳанӯз дар ҷомеа ҳодисаҳои поймол ва маҳдудкунии ҳуқуқи занон ҷой доранд. «Ин масъалаҳо дар маркази диққати мизи мудаввар қарор хоҳанд гирифт», – гуфт ӯ ва афзуд, ки чорабинӣ аз ҷониби Маркази дифоъ аз ҳуқуқи инсон ва Дафтари САҲА дар Душанбе созмон дода шудааст.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.