Дар Тоҷикистон Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон доир мегарданд

Душанбе. 2-юми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Моҳи феврали соли оянда дар Тоҷикистон баргузории Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон пешбинӣ шудааст. Тавре директори Хонаи кинои ҷумҳурӣ Сафар Ҳақдодов ба ОИ «Азия-плюс» хабар дод, имрӯз ин масъала зимни мулоқоти мақомоти раҳбарии киностудияи «Тоҷикфилм» ва намояндагони сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон мавриди ҳаллу фасл қарор хоҳад гирифт. «Қаблан дар ҳамоиши «Киновиза» […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 2-юми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Моҳи феврали соли оянда дар Тоҷикистон баргузории Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон пешбинӣ шудааст.




Тавре директори Хонаи кинои ҷумҳурӣ Сафар Ҳақдодов ба ОИ «Азия-плюс» хабар дод, имрӯз ин масъала зимни мулоқоти мақомоти раҳбарии киностудияи «Тоҷикфилм» ва намояндагони сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон мавриди ҳаллу фасл қарор хоҳад гирифт. «Қаблан дар ҳамоиши «Киновиза» дар Тошканд директори Агентии миллии «Ӯзбекккино» Исҳоқ Аъзамов ва директори генералии «Тоҷикфилм» Лутфулло Давлатов масоили роҳандозии ҳамкориҳо дар бахши кинематографияи кишварҳо, баргузории Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ва Тоҷикистон дар Ӯзбекистонро муҳокима карда буданд», – гуфт ӯ.



Ба қавли С.Ҳақдодов, аллакай рӯйхати киноҳое, ки аз ҷониби Ӯзбекистон ба тамошобинони тоҷик намоиш дода мешаванд, тартиб дода шудааст.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.