spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Пешниҳоди президент оид ба 2,5 баробар афзудани маош


Зимни ироаи паём ба парлумон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, ки ба ҳама гуна навъи санҷишу тафтишот ба фаъолияти истеҳсолкунандагони маҳсулоти ватанӣ ба муҳлати се сол моратория эълон карда шавад.

«Истеҳсолкунандагони ватаниро аз санҷишҳои беасосе, ки ба рушди истеҳсолот садд мегузоранд», озод кардан лозим аст», – гуфт вай.

Сарвари давлат ҳамчунин беҳбуд бахшидан ба кор дар бахши бонкдориро низ таъкид сохт. Ба гуфтаи ӯ, аввали солҳои 90-уми асри гузашта дар сохтори ВКД Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ амал мекард, ки ба интиқоли маблағҳо ба ватан тавассути бонкҳо монеа эҷод мекард.

«Вақте ман шахсан дар бораи барҳам додани ин раёсат қарор қабул кардам, вазъ хеле беҳтар гардида, агар он замон ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ тавассути бонк ҳамагӣ ҳудуди 9 млн. $-ро ташкил медод, пас ҳозир он ба қариб 4 млрд. $ баробар шудааст», – гуфт президент.

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки вазифаи асосии давлат – ноил гардидан ба сатҳи баланди некӯаҳволии мардум ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ аст. Дар робита ба ин сарвари давлат пешниҳод намуд, ки сатҳи музди меҳнати ҳадди ақалл 2,5 маротиба афзуда шавад. Айни замон ҳадди ақалли музди меҳнат дар кишвар 80 сомонӣ (ҳудуди 17 $) аст. Президенти Тоҷикистон ваъда кард, ки аз моҳи сентябр музди меҳнати ҳадди ақалл дар Тоҷикистон то 200 сомонӣ афзуда хоҳад шуд.

Дар мавриди масъалаи камбизоатии аҳолӣ президент изҳор кард, ки агар соли 1999 сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон 81%-ро ташкил медод, пас имрӯз ин нишондиҳанда то 42 % поин рафтааст. «Дар ин давра даромади аҳолӣ аз 1 млрд. то 16,2 млрд. сомонӣ зиёд шуд», – илова кард сарвари давлат.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...