Ширкати «Талко» ба намояндаи парлумон посух мегӯяд

Душанбе. 25-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар посух ба мусоҳибаи намояндаи мардумӣ Шодӣ Шабдолов дар газетаи «Азия-Плюс» (№47) дар ширкати «Талко» посух дода, изҳор доштанд, ки ширкат яке аз андозсупорандагони бузургтарини кишвар боқӣ монда, сол ба сол ҳаҷми пардохти андозҳо ба буҷаи ҷумҳурӣ рӯ ба афзоиш мениҳад. Гуфта мешавад, ки дар зарфи 10 моҳи соли […]

Наргис Ҳамробоева


Душанбе. 25-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар посух ба мусоҳибаи намояндаи мардумӣ Шодӣ Шабдолов дар газетаи «Азия-Плюс» (№47) дар ширкати «Талко» посух дода, изҳор доштанд, ки ширкат яке аз андозсупорандагони бузургтарини кишвар боқӣ монда, сол ба сол ҳаҷми пардохти андозҳо ба буҷаи ҷумҳурӣ рӯ ба афзоиш мениҳад.




Гуфта мешавад, ки дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ дар ҳамм сатҳҳо ба буҷаи ҷумҳурӣ беш аз 240,2 млн. сомонӣ ($70 млн.) маблағ ворид гаштааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 51,4 млн. сомонӣ ($15,2 млн.) бештар аст. Дар ин давра 333 ҳазор тонна маводи аввалияи алюминий истеҳсол карда шудааст.



Мувофиқи дурнамо, соли равон ба буҷаи ҷумҳурӣ бояд 279,8 млн. сомонӣ ($84,3 млн.) маблағҳо ворид карда шаванд, ки нисбат ба соли 2003 194 млн. сомонӣ ($56,7 млн.) зиёдтар аст ва ин дар ҳолест, ки агар дар соли 2003 ба ҳар тоннаи маҳсулот 211,9 сомонӣ (69,2 доллар барои як тонна) маблағи пардохт рост омада бошад, пас, соли равон ин рақам ба 611,1 сомонӣ (178 доллар барои як

 

тонна) баробар шудааст.



Ширкат изҳор медорад, ки маълумоти зикргардида гувоҳи он аст, ки ҳаҷми маблағи пардохти андоз аз ҷониби ширкат ҳамасола меафзояд. «Дар сурати ба 178 доллар баробар будани андозу пардохтҳо барои 1 тонна алюминий, рақобатпазирии корхона заъиф мегардад, зеро миқдори андозбандӣ дар кишварҳои ИДМ аз 40-50 доллар барои як тонна зиёд нестанд», – гуфт манбаъ.



Зикр гардид, ки ширкати «Талко» то 35 фоизи нерӯи барқи истеҳсоли ватаниро истифода мебарад ва арзиши истифодаи онро на танҳо дар ҳаҷми пурра пардохт мекунад, балки тарзи пешпардохтро низ ба роҳ мондааст.



Соли 2008 пардохтҳои ҳармоҳаи истифодаи нерӯи барқ $9,5 миллионро ташкил доданд, ки дар як сол қариб ба $115 млн. баробар мешавад. Ғайр аз ин, КВД «Талко» дар ҳаҷми $45 млн. интиқоли барқи Туркманистон ба ҷумҳуриро маблағгузорӣ менамояд. «Интизор меравад, ки хароҷот ба истифодаи нерӯи барқ соли равон ба ҳудуди $160 млн. баробар хоҳад шуд», – изҳор доштанд дар хадамоти матбуоти ширкат.



Таъкид гардид, ки ширкат инчунин маблағи интиқоли нерӯи барқи Қирғизистон ва Ӯзбекистонро пардохт намуда, қисман хароҷоти истеҳсоли барқ дар Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ва корҳои барқарорсозии Маркази барқу гармидиҳии ноҳияи Ёвонро низ ба ӯҳдаи худ гирифтааст, ки дар ин муддат ба ин мақсад аллакай $20 млн. маблағ масраф шудааст.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.