Душанбе. 24-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Доктори улуми иқтисод, профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки қисмати бештари ҳаҷми буҷаи Тоҷикистон барои соли 2009 аз қарзҳои хориҷӣ ва бурсҳо иборат аст.
Доир ба буҷаи иқтисодӣ ё иҷтимоӣ номугзорӣ кардани он бошад, Ҳ.Умаров зикр кард, ки буҷа ҷавобгӯи ҳар дуи ин ном буда наметавонад, зеро дар ҳама бахшҳо мо камбуду норасоӣ дорему воситаҳои буҷа ҳамеша нокифояанд. «Бо он ҳаҷме, ки буҷаи мо дорад, он ба рушди иқтисодиву иҷьтимоӣ на соли ояндаву на баъди даҳ сол мусоидат карда наметавонад, зеро мизони таваррум мунтазам меафзояд, вале даромади буҷа дар ҳаҷми ночизе боло меравад», – гуфт ӯ.
Дар мавриди аз имтиёзҳо бархӯрдор будани Ширкати алюминии тоҷик (Талко) профессор бар ин назар аст, ки ин ширкат набояд дорои чунин имтиёзот бошад, зеро ширкат бо истифода аз имконоти истеҳсолӣ, зеҳнӣ ва ҷорӣ кардани навгониҳо метавонад ҳаҷми истеҳсолро афзоиш диҳад.
Ёдовар мешавем, ки соли 2009 ба ширкати «Талко» дар қатори 26 корхонаи дигари ҷумҳурӣ имтиёз дода мешавад. «Бо истифода аз ин имтиёзот корхонаҳои зикршуда дар давоми сол беш аз 2,5 млрд сомонӣ сарфа мекунанд ва табиист, ки он ба қисми даромади буҷаи кишвар ворид намегардад», – афзуд. Ҳ.Умаров.


