Ахири ҳафтаи гузашта сафири Фавқулодда ва Мухтори Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Тоҷикистон ҷаноби Ҷерем Орд-Смит ҷиҳати шиносоӣ ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омад ва бо директори Агентӣ, генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назаров мулоқот намуд.
Тавре аз Агентии мазкур иттилоъ доданд, директори Агентӣ меҳмонро бо вазъи мухаддиротӣ дар Тоҷикистон, Афғонистон, ҳамчунин минтақаи Осиёи Марказӣ шинос кард. Ғайр аз ин дар бораи ташкили ҳамкориҳо миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ва кишварҳои ҳамсоя дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар маълумот дод.
Сарвари Агентӣ ҳамкориҳо бо Агентии мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи Британияи Кабир(SOCA)- ро махсус қайд намуд.
Ҷаноби Ҷ.Орд-Смит дар навбати худ зикр кард, ки Ҳукумати Британияи Кабир дар масъалаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар минтақа ва бахусус, Тоҷикистон таваҷҷӯҳи калон зоҳир мекунад ва аз фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар муборизаи пурсамарашон дар ин самт ситоиш намуд. Вай ҳамчунин қайд кард, ки Ҳукумати кишвараш аз ин ба баъд низ Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар масъалаҳои мубориза бо маводи мухаддир, аз ҷумла татбиқи барномаҳои зиддимухаддиротии пешгирикунанда дастгирӣ хоҳад кард.
Дар охири мулоқот ҷонибҳо ба рушди ҳамкориҳои пурсамар миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир изҳори умед намуданд.