Дар вилояти Суғд то ҳанӯз
тамоили
афзоиши ҳодисаҳои худкушӣ ба мушоҳида мерасад.
Бино ба маълумоти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, нимсолаи аввали соли равон дар қаламрави минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 159 ҳодисаҳои даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 38 ҳодиса бештар аст.
Миёни шаҳрвандоне, ки даст ба худкушӣ задаанд, 87 нафарашонро мардону 10 танро писарони ноболиғ ва 72 нафарро занону 14 танро духтарони ноболиғ ташкил медиҳанд.
Гуфта мешавад, чанде қабл дар шаҳраки Адрасмони шаҳри Қайроққум ҷасади духтари 8-солаи дар дор овехташуда дарёфт гардидааст.
«Зимни азназаргузаронии ҷасади духтар аломатҳои марги маҷбурӣ пайдо карда нашуда, айни замон сабабҳои ба ин амал даст задани духтарчаи фавтида мавриди таҳқиқ қарор доранд», – гуфтанд дар РВКД ҶТ дар вилояти Суғд.