Таъсиси Кумитаи ҳамоҳангсозии масоили муҳоҷират дар Душанбе

Дар пойтахти Тоҷикистон таъсиси Кумитаи ҳамоҳангсозии масоили муҳоҷират дар шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи  марказ дар назар аст. Дар Раёсати Хадамоти муҳоҷирати пойтахт изҳор карданд, ки дар робита ба супориши раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев перомуни таҳлили вазъ ва фаъолияти субъектҳои хоҷагидорие, ки ба ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ ба кор машғуланд, чунин тасмим гирифта шудааст. Пешниҳоди […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар пойтахти Тоҷикистон таъсиси Кумитаи ҳамоҳангсозии масоили муҳоҷират дар шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи  марказ дар назар аст.

Дар Раёсати Хадамоти муҳоҷирати пойтахт изҳор карданд, ки дар робита ба супориши раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев перомуни таҳлили вазъ ва фаъолияти субъектҳои хоҷагидорие, ки ба ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ ба кор машғуланд, чунин тасмим гирифта шудааст.

Пешниҳоди таъсиси Кумитаи ҳамоҳангсозии масоили муҳоҷират аз ҷониби аксари мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастгирӣ ёфт. Лоиҳаи таъсиси Кумитаи мазкурро Прокуратураи шаҳри Душанбе маъқул шуморид.

Бино ба маълумоти Раёсати Хадамоти муҳоҷирати шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи марказ, айни замон дар пойтахт беш аз 70%-и субъектҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ҳузур доранд.

Зимни баргузории санҷишҳо аз ҷониби хадамоти мазкур ошкор шудааст, ки чанде аз субъектҳои хоҷагидорӣ тавозун зимни ҷалби шаҳрвандони дигар кишварҳо ба корро риоя намекунанд. «Ҳангоми аз ҷониби субъекти хоҷагидорӣ ба кор қабул намудани шаҳрванди хориҷӣ бояд тавозун риоя шавад, яъне шумори шаҳрвандони Тоҷикистон бояд на камтар аз 70% аз шумори умумии кормандон бошад. Натанҳо беҳбуди муҳити сармоягузорӣ, балки таъмини шаҳрвандони пойтахт бо ҷойи корӣ низ зарур аст», – гуфтанд дар Раёсати Хадамоти муҳоҷирати шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи марказ.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар қаламрави Тоҷикистон аслан шаҳрвандони Чин машғули коранд. Ҳамчунин дар ҷумҳурӣ метавон бо муҳоҷирони кории Афғонистон, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳо низ дучор омад.

Бино ба маълумоти Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ, дар нимсолаи аввали соли равон барои нақзи қонунгузории муҳоҷирати кишвар, 186 нафар муҳоҷирони кории хориҷӣ аз қаламрави Тоҷикистон хориҷ карда шудаанд.   

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.