Сафари дурӯзаи раиси вилояти Суғд ба вилояти Бодкенти Қирғизистон

Дар доираи ҳамкориҳои дӯстона бо вилоятҳои ҳамсояи Ҷумҳурии Қирғизистон ва бо даъвати роҳбарияти маъмурияти давлатӣ раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо сафари дурӯзаи корӣ ба вилояти Бодкент ташриф овард. Дар  ин сафар Қоҳир Расулзодаро шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд. Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, зимни сафар масъалаҳои  мубрами сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, […]

ASIA-Plus


Дар доираи ҳамкориҳои дӯстона бо вилоятҳои ҳамсояи Ҷумҳурии Қирғизистон ва бо даъвати роҳбарияти маъмурияти давлатӣ раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо сафари дурӯзаи корӣ ба вилояти Бодкент ташриф овард. Дар  ин сафар Қоҳир Расулзодаро шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.

Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, зимни сафар масъалаҳои  мубрами сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, масъалаҳои марзӣ ва робитаҳои фарҳангӣ   мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Қобили зикр аст, ки дар ҷаласаи охирини намояндагони байниҳукуматии Ҷумҳурии Қирғизистон ва  Ҷумҳурии Тоҷикистон , ки санаҳои  16-17 июни соли равон дар  шаҳри Бишкек баргузор шуда буд, ҳамкориҳои вилояти Суғд ва вилояти Бодкент  ҳамчун намунаи ҳамкориҳои самаранок арзёбӣ гардида буданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.