Барқияи табрикотии Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Ҳиндустон

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҳиндустон Пранаб Мукерҷӣ ба муносибати таҷлили ҷашни навбатии солгарди истиқлол барқияи шодбошӣ ирсол намуд. Дар барқия Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамояд, ки Тоҷикистону Ҳиндустон тӯли чандин садсолаҳо робитаҳои гуногунҷанбаи таърихӣ дошта, ин таҷрибаи муфиду бузург тақозо менамояд, ки дар шароити имрӯза низ ба ҳамкориҳои судманди гуногунарса рушду густариш бахшида, сатҳи […]

ASIA-Plus


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҳиндустон Пранаб Мукерҷӣ ба муносибати таҷлили ҷашни навбатии солгарди истиқлол барқияи шодбошӣ ирсол намуд.

Дар барқия Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамояд, ки Тоҷикистону Ҳиндустон тӯли чандин садсолаҳо робитаҳои гуногунҷанбаи таърихӣ дошта, ин таҷрибаи муфиду бузург тақозо менамояд, ки дар шароити имрӯза низ ба ҳамкориҳои судманди гуногунарса рушду густариш бахшида, сатҳи он ба зинаҳои баландтар бардошта шавад.

«Тоҷикистон мисли пешина, мӯътақид бар он аст, ки ҳамкории васеъ ва мутақобилан судманди бунёдии ду кишвари дӯст на фақат ҷавобгӯи манфиатҳои миллии онон, балки омили муҳими суботу истиқрор ва пешрафти минтақа мебошад», – омадааст дар барқия.

Дар фарҷом сарвари давлати Тоҷикистон изҳори боварӣ мекунад, ки дар оянда низ ба хотири пешрафти ин раванди созанда ҳар ду ҷониб саъю эҳтимом ва кӯшишҳои пайвастаи хешро дареғ нахоҳанд дошт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.