spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Назорати қатъии нархҳо дар бозорҳои пойтахт то охири моҳи Рамазон


Мақомоти шаҳрдории пойтахт то ахири моҳи Рамон нархҳо дар бозорҳои шаҳри Душанберо таҳти назорати қатъӣ қарор хоҳад дод, зеро таҷриба гувоҳи он аст, ки ҳамасола дар арафаи Иди Рамазон қимати маҳсулоти ғизойӣ босуръат боло меравад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯйи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, дирӯз аз ҷониби субъектҳои давлатии хоҷагидорӣ ва соҳибкорони ватанӣ дар бозорҳои пойтахт 22 тонннаву 582 кило гӯшти гов, 4 тоннаву 389 кило гӯшти гӯсфанд, беш аз 156 ҳазор дона тухм, 270,4 тонна орд, аз он ҷумла орди навъи 1-ум 256,5 тонна ва орди навъи 2-юм 13,9 тонна ба фурӯш гузошта  шуд.

Дар мақомоти шаҳрдорӣ мегӯянд, тибқи хисобу китоби коршиносон, орд ва гӯшти ба фурӯш гузошташуда комилан эҳтиёҷоти аҳолӣ ва меҳмонони пойтахтро қонеъ менамояд.

Ёдрас мекунем, ки мутобиқи қарори раиси пойтахт, ба тоҷирон тавсия дода шудааст, ки дар моҳи Рамазон як кг гӯшти говро 29, гӯшти говмешро 19, гӯшти гӯсфандро 30, як халта орди навъи «Шамалған»-и истеҳсоли Қазоқистонро то 110, 1 л. равғани растаниро то 8, як кг биринҷи ватаниро то 7, як кг шакарро то 5, 1 л. ширро то 3, як кг картошкаро то 2, як кг сабзиро то 2,2, як кг пиёзро то 1,1 ва 1 дона тухмро то 0,6 сомонӣ ба фурӯш бароранд.

Қарори мазкури раиси шаҳри Душанбе дар Вазорати адлияи Тоҷикистон ҳамчун асноди меъёрӣ-ҳуқуқӣ сабт гардида, бо дархости ҳукуматдорони пойтахт назорати иҷрои он ба дӯши ташкилотҳои ҷамъиятиву динӣ, комиссияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва чанде аз мақомоти ҳокимияти давлатӣ вогузор шудааст.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...