Таҷлили ҷашни 80-солагии шаҳри Хоруғ бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки қаблан рӯзҳои 21-22-юми август пешбинӣ шуда буд, ба даҳаи аввали моҳи сентябр мавқуф гузошта шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қодири Қосим хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, бо мақсади кам кардани хароҷоти чорабиниҳои идона чунин тасмим гирифта шудааст.
«Ҷашни шаҳри Хоруғ рӯзҳои 6-7-уми сентябр дар баробари ҷашни 21-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон таҷлил мегардад, – гуфт раиси ВМКБ. – Ҷашни муштараки ду чорабинии идона дар як вақт имкон медиҳад, ки хароҷоти маблағҳои буҷетӣ ба таври назаррас сарфа шаванд».
Дар посух ба суоли хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» роҷеъ ба иштироки президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар чорабиниҳои идонаи шаҳри Хоруғ, Қ.Қосим иброз дошт, ки алҳол дар ин бора дақиқан чизе маълум нест.