Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе баҳри омодагӣ ва таҷлили 21-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар пойтахт тасдиқ шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар доданд, мутобиқи нақшаи тасдиқшуда, рӯзи 9-уми сентбр дар ҷойҳои гаштугузори оммавии сокинони пойтахт намоишгоҳу ярмаркаҳои гуногун созмон дода мешаванд.
Ба иттилои манбаъ, дар боғҳои фарҳангу истироҳат «Дӯстии халқҳо», «Кӯли ҷавонон», майдонҳои 800-солагии Маскав ва назди Парчами давлатии Тоҷикистон консерти идонаи устодони санъат доир мегардад. Соати 10-и субҳи ҳамин рӯз дар боғи фарҳангу истироҳати «Боғи пойтахт» консерти ҳунамандони Филармонияи давлатии ҷумҳурӣ баргузор мешавад.
Зикр гардид, ки шоми рӯзи 9-уми сентябр дар маҷмааи «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт таҳти унвони «Нишоти истиқлолият» намоиши театрикунонидашуда сурат гирифта, бо мушакпарронии (фейерверк) 5-дақиқаина ба итмом мерасад.