spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Баррасии масъалаи тақдири пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Душанбе


Шоми дирӯз як ҳайати Русия таҳти сарварии муовини вазири мудофиаи ин кишвар Анатолий Антонов ба Душанбе ташриф овард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ иттилоъ дод, имрӯз дар Душанбе оид ба ҳузури минбаъдаи пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон гуфтушунидҳо барпо мегарданд.

Ба иттилои манбаъ, ҳайати Тоҷикистонро дар гуфтушунид вазири адлияи ҷумҳурӣ Рустам Менглиев роҳбарӣ хоҳад кард.

Ёдрас мекунем, ки қаблан ОИ «Азия-Плюс» бо истинод ба як манбаъи наздик ба намояндагии дипломатии Русия дар Душанбе хабар дода буд, ки Русия ният дорад, зимни сафари сарвари давлати Русия Владимир Путин ба Душанбе аввалҳои моҳи октябр шартномаи тамдиди муҳлати ҳузури пойгоҳи 201-уми низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистонро ҳал намояд.

Ба гуфтаи ӯ, ин дафъа Русия ба Тоҷикистон имзои шартнома ба муҳлати 10 солро пешниҳод хоҳад кард.

Аввали моҳи август муовини вазири мудофиаи Русия Анатолий Антонов бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дошт. Дар робита ба масъалаи ҳузури минбаъдаи пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистон Анатолий Антонов изҳор карда буд, ки гуфтушунид дар ин хусус муваффақона ҷараён дошта, ояндаи наздик матни созишнома омода мегардад, ки ба таъмини амнияти Тоҷикистону Русия ҷавобгӯ аст.

«Дар масъалаи мувофиқаи санади умумӣ мо ба комёбиҳои назаррас муваффақ шудем, зеро ҳалли ин масъала ба таъмини амнияти ҳам Русияву ҳам Тоҷикистон рабт гирифта, пойгоҳи низомии мо як таркиби зербинои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва суботи минтақавӣ аст», – гуфта буд вай.

Номбурда ҳамчунин иброз дошта буд, ки дар гуфтушунидҳо масъалаи нархи ҳузури пойгоҳи низомӣ матраҳ нашудааст. «Масъалаи пардохти маблағ барои ҳузури пойгоҳи низомӣ на дар мулоқот бо президенту на дар Вазорати мудофиа ва корҳои хориҷӣ умуман баррасӣ нагардид. Гуфтушунид савдо набуда, кӯшиши ҳалли мушкилот бо назардошти манфиатҳои ҳарду ҷониб мебошад», – таъкид карда буд А.Антонов.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...