Дар Кӯлоб додани шиносномаҳои хориҷӣ аз нав оғоз гардид

Турко Дикаев



Кӯлоб. 3-уми июли с.2008. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Кӯлоб додани шиносномаҳои хориҷӣ аз нав шурӯъ шуд. Моҳи марти соли ҷорӣ он қатъ гардида буд.






Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилииҶТ дар минтақаи Кӯлоб Абдуғаффор Фаттоев ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки шиносномаҳои хориҷӣ ба миқдори зарурӣ оварда шудаанд ва минбаъд дар ин масъала мушкилоте ҷой нахоҳад дошт.





Ба қавли ӯ, дар муддати якчанд рӯз ба шаҳрвандон наздик ба 1 ҳазор адад шиносномаҳо дода шудаанд ва рӯзҳои наздик талаботи аҳолӣ бояд пурра қонеъ гардад.





«Хадамоти муҳоҷират ба бинои замонавӣ мекӯчад ва он ҷо барои хизматрасонӣ ба шаҳрвандон тамоми шароити мусоид фароҳам оварда мешавад», – гуфт А.Фаттоев.





Ёдрас мекунем, ки 12 март дар Кӯлоб 1 ҳазору 750 нафар шаҳрвандон мехостанд, барои кор ба Русия ва кишвархои дигар раванд. Қисми онҳо бо шиносномаҳои дохилӣ аз 1 апрел тавассути ҳавопаймо ба хориҷи кишвар раҳсипор гашта буданд, ки ба иллати гаронии нархи чиптаи он на ҳар кас имкони харидории онро дошт.



Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи иди баҳор –Наврӯз дастархони идона омода карда, дар он анвои гуногуни хӯрокҳои миллӣ гузоранд. Муҳимтарини...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.

“Муаррифи драмматургияи тоҷик”. Ёдбуди нависандаи шинохта Меҳмон Бахтӣ

Агар умр вафо мекард, имрӯз Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон...