Дар Кӯлоб додани шиносномаҳои хориҷӣ аз нав оғоз гардид

Кӯлоб. 3-уми июли с.2008. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Кӯлоб додани шиносномаҳои хориҷӣ аз нав шурӯъ шуд. Моҳи марти соли ҷорӣ он қатъ гардида буд. Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилииҶТ дар минтақаи Кӯлоб Абдуғаффор Фаттоев ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки шиносномаҳои хориҷӣ ба миқдори зарурӣ оварда шудаанд ва минбаъд дар ин масъала мушкилоте […]

Турко Дикаев



Кӯлоб. 3-уми июли с.2008. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Кӯлоб додани шиносномаҳои хориҷӣ аз нав шурӯъ шуд. Моҳи марти соли ҷорӣ он қатъ гардида буд.






Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилииҶТ дар минтақаи Кӯлоб Абдуғаффор Фаттоев ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки шиносномаҳои хориҷӣ ба миқдори зарурӣ оварда шудаанд ва минбаъд дар ин масъала мушкилоте ҷой нахоҳад дошт.





Ба қавли ӯ, дар муддати якчанд рӯз ба шаҳрвандон наздик ба 1 ҳазор адад шиносномаҳо дода шудаанд ва рӯзҳои наздик талаботи аҳолӣ бояд пурра қонеъ гардад.





«Хадамоти муҳоҷират ба бинои замонавӣ мекӯчад ва он ҷо барои хизматрасонӣ ба шаҳрвандон тамоми шароити мусоид фароҳам оварда мешавад», – гуфт А.Фаттоев.





Ёдрас мекунем, ки 12 март дар Кӯлоб 1 ҳазору 750 нафар шаҳрвандон мехостанд, барои кор ба Русия ва кишвархои дигар раванд. Қисми онҳо бо шиносномаҳои дохилӣ аз 1 апрел тавассути ҳавопаймо ба хориҷи кишвар раҳсипор гашта буданд, ки ба иллати гаронии нархи чиптаи он на ҳар кас имкони харидории онро дошт.



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.