Эмомалӣ Раҳмон ба Остона сафар кард

Мавҷуда Ҳасанова



Душанбе. 5-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷашнҳо бахшида ба


10-умин солгарди пойтахти нави Қазоқистон ба Остона сафар кард.






Ба ОИ «Азия-Плюс» аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд, ки ба ин муносибат президентони Озарбойҷон Илҳом Алиев, Арманистон Серж Саркисян, Гурҷистон Михаил Саакашвили, Қирғизистон Қурмонбек Боқиев, Русия Дмитрий Медведев, Туркия Абдулло Гул ва шоҳи Ӯрдун Абдуллои


II




низ ба пойтахти Қазоқистон ташриф меоранд.





Аз сарчашма иттилоъ доданд, ки дар чаҳорчӯбаи сафар Эмомалӣ Раҳмон як қатор мулоқотҳои дуҷониба анҷом медиҳад.







«Фардо, 6-уми июл президенти Тоҷикистон ҳамтои қазоқи худ Нурсултон Назарбоевро бо зодрӯзаш табрик хоҳад кард», – таъкид сохт сарчашма.





Чанде қабл барои омода сохтани ҷузъиёти сафари кории президенти ҶТ ба Қазоқистон вазири корҳои хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ низ ба Қазоқистон рафт. Аз департаменти иттилооти вазорат хбар доданд, ки дар ҷараёни сафар Ҳ.Зарифӣ бо саравзири Қазоқистон Карим Масимов, вазири корҳои хориҷии ин кишвар Марат Тажин, вазири энергетика ва саноати Қазоқистон Владимир Школник вохӯрӣ доир кардааст. Дар вохӯриҳо асосан масоили ҳамкориҳои иқтисодӣ, иштирок дар лоиҳаҳои муштарак, афзун намудани муомилоти ашёи хом ва дигар маҳсулот миёни корхонаҳои ду кишвар муҳокима шудаанд.







Маълумотнома:




Остонаи имрӯза чун шаҳраки низомиён соли 1824 таъсис ёфтааст. Соли 1868 Остона мақоми шаҳрро соҳиб гашт ва танҳо дар солҳои 50-уми асри гузашта он ба маркази муҳими рушди захоири табии ҳифзшудаи минтақаи шимолии Қазоқистон табдил ёфт. Шаҳр чандин маротиба тағйири ном кардааст: дар солҳои шӯравӣ Селиноград, соли 1997 – Акмола ва соли 1998 – Остона.





Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...