ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон» фоидаи пасандозро зиёд намуд

АМИТ «Ховар»

Душанбе. 24-уми сентябр – Аз моҳи сентябри соли 2008 ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон» фоидаи пасандозҳои шахсони воқеиро новобаста ба мӯҳлати он ду фоиз зиёд кард.   Меъёрҳои ҳадди аксари фоидаи солонаи пасандози «Пайванд» 22 фоиз бо пули миллӣ, 20 фоиз бо доллари амрикоӣ, 20 фоиз бо евро, 21 фоиз бо рубли Русия ва аз рӯи […]



Душанбе. 24-уми сентябр – Аз моҳи сентябри соли 2008 ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон» фоидаи пасандозҳои шахсони воқеиро новобаста ба мӯҳлати он ду фоиз зиёд кард.







 

Меъёрҳои ҳадди аксари фоидаи солонаи пасандози «Пайванд» 22 фоиз бо пули миллӣ, 20 фоиз бо доллари амрикоӣ, 20 фоиз бо евро, 21 фоиз бо рубли Русия ва аз рӯи пасандози «Баракат» 20 фоиз бо асъори миллӣ, 19 фоиз бо доллари амрикоӣ, 19 фоиз бо евро ва 20 фоиз бо рубли Русия зиёд карда шуд.





Ин иқдом баҳри манфиатбахштар гардонидани пасандозҳо барои мизоҷон ва бештар ҷалб намудани пасандози аҳолӣ ба бонк андешида шуд.





Бояд қайд кард, ки меъёрҳои фоизи ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон» аз рӯи ҳамаи намудҳои пасандоз дар байни бонкҳои Тоҷикистон баландтарин буда, далели равшани он афзоиши мунтазами шумораи мизоҷон мебошад. ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон» пешниҳодҳои мизоҷони худро ба инобат гирифта, раванди васеъ ва мукаммалгардонии шароити ҷалби мизоҷонашро идома медиҳад.







 






 





 





 





     




Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Ревоҷ, сиёҳалаф, пудина… Алафу гиёҳҳои баҳорӣ дар Тоҷикистон ва фоидаи онҳо ба саломатӣ

Дар бораи то чӣ андоза муфид будани онҳо барои солимии шахс маълумот медиҳем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Моҳрухсор Сафиева то даргузашти Иқбол Тешаев ва Рӯзи ҷаҳонии ахлоқ

Душанбе аз иҷрои нақшаи даъват ба артиш хабар дод. Суғд дар як рӯз 46%-и нақшаро пур кардааст

Дар рӯзи якуми маъракаи баҳории даъват ба артиш, нақшаи он дар тамоми кишвар 54,3% иҷро шудааст.

“Ҳамчун арзёбии пурра қабул кардан дуруст нест”. Вокуниши Оҷонсии ҳавошиносӣ ба радабандии пажуҳишгоҳи “IQAir” дар бораи ҳавои ифлоси Тоҷикистон

Пажуҳишгоҳи “IQAir” дар як гузориш навишт, ки дар соли 2025 Тоҷикистон аз лиҳози ифлосии ҳавои атмосферӣ дар ҷаҳон дар ҷойи сеюм қарор дошт.

“Сомон Эйр” аз оғози парвозҳои мунтазам дар масири Душанбе – Уфа – Душанбе хабар дод

Маълум кардем, ки кай парвоз оғоз мешавад ва нархи чипта чанд аст.