Фирори қочоқчиёни афғон аз боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хоруғ

               Душанбе. 24-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ду шаҳрванди Афғонистон, ки барои убури ғайриқонунии марз ва даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар боздоштгоҳи муваққатии раёсати умури дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарор доштанд, фирор кардаанд.             Аз Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки боздоштшудагон тақрибан соатҳои чори рӯз аз […]

Аваз Юлдошев



               Душанбе. 24-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ду шаҳрванди Афғонистон, ки барои убури ғайриқонунии марз ва даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар боздоштгоҳи муваққатии раёсати умури дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарор доштанд, фирор кардаанд.







           

Аз Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки боздоштшудагон тақрибан соатҳои чори рӯз аз майдони сохтмони иншооти бинои нави боздоштгоҳи муваққатӣ гурехтаанд.






           

Ба иттилои намояндаи вазорат, гурӯҳҳои тақвиятёфтаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят фавран ба ҷустуҷӯ шурӯъ кардаанд, вале аз он ҳеҷ натиҷае ба даст наомадааст. «Эҳтимол меравад, ки гурезаҳо сарҳадро убур намуда, ба қаламрави Афғонистон паноҳ бурдаанд ва ҷиҳати дастгир кардани онҳо бо мақомоти дахлдори Афғонистон гуфтушунид мешавад», – зикр кард манбаъ. Аз рӯи ин далел додситонии вилоят парвандаи ҷиноӣ оғоз кард.



Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Намояндагии Вазорати меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия аз шаҳрвандони тоҷик хостаанд, ки пеш аз сафар ба ин кишвар ҳуҷҷатгузории зарурӣ, аз ҷумла, гузаштан аз...

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Ин вақти муҳоҷиронро сарфа карда, барои будубоши қонунӣ ва бехатари онҳо дар Русия мусоидат мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Даст ба амалҳои ношоиста мезананд”. Интиқоди додситони Суғд аз кирдори баъзе зердастонаш

Ду моҳ пеш додситони шаҳри Бӯстон дар пайи муноқиша бо молики тарабхонаи “Парламент”-и шаҳр аз вазифа барканор шуда буд.