Фаъолияти созмони башардӯстонаи амрикоии «Mercy Corps» дубора аз сар гирифта шуд

BBC Persian.com

Душанбе. 25-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Бар асоси қарори додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, фаъолияти созмони башардӯстонаи амрикоии « Mercy Corps » аз сар гирифта шудааст. Масъулони ин додгоҳ гуфтанд, ки ин иқдом бо дархости вазорати адлия ё додгустарии Тоҷикистон мабнӣ бар иҷозаи идомаи фаъолияти ин созмони байналмилалии башардӯстона сурат гирифтааст.   Додгоҳ тақрибан […]


Душанбе. 25-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Бар асоси қарори додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, фаъолияти созмони башардӯстонаи амрикоии «


Mercy




Corps


» аз сар гирифта шудааст.




Масъулони ин додгоҳ гуфтанд, ки ин иқдом бо дархости вазорати адлия ё додгустарии Тоҷикистон мабнӣ бар иҷозаи идомаи фаъолияти ин созмони байналмилалии башардӯстона сурат гирифтааст.

 




Додгоҳ тақрибан як моҳ пеш фаъолияти созмони башардӯстонаи «Ҳайъати Шафқат»-ро ба иллати ончи «нақзи қонуни Тоҷикистон дар бораи созмонҳо ва иттиҳодияҳои иҷтимоъӣ» хонда мешавад, мутаваққиф карда буд.



Масъулони давлатӣ ин созмонро ба мамонеъат аз бозрасии фаъолияти он, фуқдони ироаи гузоришхои солона ба вазорати адлия ва сарпечӣ аз посух ба номаҳо ва дархостҳои ниҳоди давлатӣ муттаҳам карда буданд.



Ҳамакнун Давлат Сулаймонов, раиси идораи сабти номи созмонҳои байналмилалӣ, аҳзоб ва иттиҳодияхои иҷтимоъии Вазорати адлияи Тоҷикистон, гуфт: «Дар ин муддат ин созмон нуқсонҳои мавҷудро ислоҳ кард ва аз додгоҳ дархост кардем, ки барои идомаи фаъолияти он иҷоза диҳад».



Бренди Вестерман, раиси созмони байналмилалии «


Mercy




Corps


» зимни таъйиди ин хабар гуфт, ки аз рӯзи чаҳоршанбе ин созмон фаъолияташро ба таври расмӣ аз сар гирифта ва қавонини Тоҷикистонро чун дар гузашта муроъот хоҳад кард.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи ҳамлаҳои шадиди тарафҳо ба Теҳрону Тел-Авив. Охирин хабарҳо аз Ховари Миёна

Муҳимтарин хабарҳо аз ҷанг алайҳи Эрон ва вазъи кишварҳои Ховари Миёна дар шабонарӯзи гузаштаро дар ин матлаби мо хонед.

Ҳушдори мақомоти Тоҷикистон аз афзудани қаллобӣ зимни ваъдаи кор дар хориҷа

Оҷонсии бакортаъминкунӣ гуфтааст, ки дар ҳолати дучор шудан бо қаллобон ба куҷо бояд муроҷиат кард.

Раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон: “Азия-Плюс” – оинаи шаффофи зиндагии мардум

Зинатулло Исмоилзода "Азия-Плюс"-ро ба муносбати 30-солагиаш табрик гуфт.

Вазорати дифоъ: Нақшаи даъват ба артиш дар рӯзи якум беш аз 50% иҷро шуд

Кадом шаҳру ноҳияҳо аз анҷоми нақшаи даъват хабар доданд?

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 58

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.