Э.Раҳмон: Зимистони оянда душвортар хоҳад буд

root

Душанбе. 26-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни суханронӣ дар Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид президенти Тоҷикистон изҳор дошт, ки зимистону тобистони оянда нисбат ба соли гузашта душвортар хоҳанд буд. Ба гуфтаи ӯ, «проблемаи тағйир ёфтани иқлим аллакай ба минтақаи мо, ва пеш аз ҳама ба вазъияту ҳолати захираҳои об таъсири манфӣ расонида истодааст». Э.Раҳмон зикр […]


Душанбе. 26-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни суханронӣ дар Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид президенти Тоҷикистон изҳор дошт, ки зимистону тобистони оянда нисбат ба соли гузашта душвортар хоҳанд буд.




Ба гуфтаи ӯ, «проблемаи тағйир ёфтани иқлим аллакай ба минтақаи мо, ва пеш аз ҳама ба вазъияту ҳолати захираҳои об таъсири манфӣ расонида истодааст».



Э.Раҳмон зикр кард, ки дар натиҷаи гарм шудани иқлими сайёра

 

масоҳати

 

пиряхҳои Тоҷикистон бештар аз 30 фоиз кам шудааст ва дар давоми се соли охир дарёҳои минтақа камоб гардиданд, ки дар натиҷа проблемаҳои ҷиддии иҷтимоиву иқтисодӣ, хушксолӣ, ҳуҷуми малах ва ғайра ба миён омадаанд. «Мамлакати мо бе татбиқи барномаҳои гидроэнергетикӣ ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ноил шуда, инкишофи устувори худро

 

таъмин карда наметавонад. Инро сардии тӯлонии зимистони қаҳратуни гузашта равшан нишон дод, ки дар натиҷаи он тамоми душвориҳои давраи гузариш возеҳан маълум гардиданд», – гуфт ӯ.



Дар ҳамин ҳол сарвари давлати Тоҷикистон изщҳор намуд, ки Дар қаламрави мамлакати мо бештар аз 55 фоизи захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ ташаккул меёбанд ва муқаррар карда шудааст, ки ҳаҷми умумии захираи гидроэнергетикии Тоҷикистон дар як сол 527 миллиард киловатт – соат мебошад, вале дар шароити имрӯза ҳамагӣ 5 фоизи он истифода бурда мешаваду халос.



Президенти Тоҷикистон чунин баён дошт: «Танҳо муносибатҳои муттаҳидона ва мутақобилан судманди мамлакатҳои минтақа доир ба истифодаи захираҳои обу энергетика ва сарватҳои дигари табиӣ метавонад рушди устувори Осиёи Марказиро таъмин карда, ба ҳалли проблемаҳои озуқаворӣ ва экологӣ мусоидат намояд, ки ин проблемаҳо ба истифодаи оқилонаи ин сарватҳо зич алоқаманд аст. Танҳо ҳамкории мутақобилан муфид дар масъалаи истифодаи

 

оқилонаю самарабахши онҳо метавонад сабаби некӯаҳволии халқҳо ва миллатҳои сокини ин минтақаи бузург гардад.



Мо умедворем, ки муассисаҳои Бреттон-Вуд ва шарикони Созмони Милали Муттаҳид аз сектори хусусӣ нақшаҳои моро дастгирӣ хоҳанд кард.



Мо ба зарурати бунёди чунин механизми иқтисодии мубодила ва таъвизи захираҳои обу энергетикие ниёз дорем, ки манфиатҳои мамлакатҳои болообро, ки

 

захираҳои фаровони об доранд ва мамлакатҳои поёнобро, ки дар онҳо захираҳои сӯзишворӣ фаровон аст, ба таври баробар дар назар дошта бошад. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Ароқчӣ мегӯяд, музокира надорем, Трамп гуфт, ҳадафи ӯ “тағйири режим” нест. Вазъи Ховари Миёна дар рӯзи 33-юми ҷанг дар Эрон

Мавҷуд набудани ҳеҷ гуна музокирот, ҳадаф набудани “тағйири режим” дар Эрон ва поёни ҷанг, ҳатто бе ба даст омадани тавофуқ аз изҳороте буданд, ки...

Баъди Хоманаӣ Эронро кӣ идора мекунад?

Фармондеҳони Сипоҳ, Пизишкиён ва Қолибоф чӣ нақш доранд?

Мақомот аз сокинони пойтахт хостаанд, ки аз хидматрасонии таксиҳои ба истилоҳ “10-сомонӣ” истифода накунанд

Шаҳрдорӣ мегӯяд, фаъолияти кирокашҳои “10-сомонӣ” ғайриқонунӣ аст ва онҳо ба буҷа маблағ намесупоранд.

Апрели сершамол. Пешгӯии вазъи ҳаво барои як моҳ

Моҳи дуюми фасли баҳор дар Тоҷикистон аз падидаҳои табиӣ бой хоҳад буд.

Се корманди “Азия-Плюс” соҳиби ҷоизаҳои Эътилофи занони рӯзноманигори Тоҷикистон шуданд

Ин озмун ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор ва дирӯз, 31-уми март ҷамъбаст шуд.

“Somon.tj” ҳамчун нуқтаи асосии бозори меҳнат. Сатҳи шинохти тамға ба 86,1% расид

Пойгоҳи “Somon.tj” мавқеи худро ҳамчун яке аз воситаи муҳими рақамӣ дар бозори меҳнати Тоҷикистон мустаҳкам мекунад.

Тоҷикистон ба Ҷоми футболи Осиё-2027 роҳхат гирифт

Ин бори дуюм дар таърих аст, ки тими миллии футболи Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё роҳ меёбад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 57

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.