Вазорати энергетика ва саноат: То охири сол қимати истифодаи барқ зиёд намешавад

                 Душанбе. 26-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Аз Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки то охири сол афзоиши қимати истифодаи барқ пешбинӣ нашудааст.             «Иттилоъи пахшнамудаи як қатор васоити ахбори омма дар мавриди аз 1-уми октябр зиёд шудани қимати истифодаи барқ барои тамоми гурӯҳҳои истеъмолкунандагон асоси воқеӣ надорад», – […]

Аваз Юлдошев




            





   

Душанбе. 26-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Аз Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки то охири сол афзоиши қимати истифодаи барқ пешбинӣ нашудааст.





           

«Иттилоъи пахшнамудаи як қатор васоити ахбори омма дар мавриди аз 1-уми октябр зиёд шудани қимати истифодаи барқ барои тамоми гурӯҳҳои истеъмолкунандагон асоси воқеӣ надорад», – изҳор дошт манбаъ.




           

Тибқи иттилоъи баъзе расонаҳои хабарӣ бо истинод ба намояндаи ширкати «Барқи тоҷик», гӯё аз ин ба баъд қимати як кВт/соъат нерӯи барқ барои аҳолӣ 6 дирам, барои корхонаҳои саноатӣ 15,14 дирам, барои ширкати алюминии Тоҷикистон 9,25 дирам ва барои муассисаҳои давлатӣ 20 дирам муқаррар шуда бошад.




           

Ба гуфтаи намояндаи вазорат, мувофиқи қарори ҳукумат афзоиши қимати барқ дар тӯли як сол 2 маротиба муқаррар шудааст

 

ва соли ҷорӣ он аллакай ду маротиба – моҳи январ ва май афзоиш ёфтааст. Айни замон аҳолӣ барои истифодаи 1 кВт/соат нерӯи барқ 4,8 дирам маблағ пардохт мекунад.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.