Имрӯз Кумитаи Милли олимпӣ ва ширкати «Вавилон-М» ба ҷоизадорони Олимпиадаи Пекин мукофотҳои пулӣ месупоранд

Мавҷуда Ҳасанова

Душанбе. 26-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Кумитаи миллии Олимпии Тоҷикистон маросими ба ҷоизадорони Олимпиадаи Пекин-2008 супурдани мукофотҳо аз ҷониби кумитаи мазкур ва ширкати «Вавилон-М» доир мегардад. Корманди шӯъбаи таҳлил ва иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон Ҷалолиддин Нуров дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки Кумитаи Милли Олимпии ҷумҳурӣ ҷоизадори […]


Душанбе. 26-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Кумитаи миллии Олимпии Тоҷикистон маросими ба ҷоизадорони Олимпиадаи Пекин-2008 супурдани мукофотҳо аз ҷониби кумитаи мазкур ва ширкати «Вавилон-М» доир мегардад.




Корманди шӯъбаи таҳлил ва иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон Ҷалолиддин Нуров дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки Кумитаи Милли Олимпии ҷумҳурӣ ҷоизадори нуқраи мусобиқоти гӯштини тарзи озод Юсуф Абдусаломовро бо мукофоти пулии 5 ҳазор ва соҳиби медали биринҷии мусобиқоти дзюдо Расул Боқиевро бо 3 ҳазор доллари амрикоӣ қадрдонӣ хоҳад кард.



Бино ба иттилои манбаъ, худи ҳамин рӯз ширкати «Вавилон-М» мукофоти пулии ваъдагиро ба ҷоизадорони олимпиада, ки барои касби мақоми дуввум 20 ҳазор ва саввум 10 ҳазор доллари амрикоӣ муқаррар гардида буд, ба соҳибонашон хоҳад супурд.



Ёдрас мекунем, ки дар Бозиҳои Олимпиадаи Пекин -2008 15 варзишгари Тоҷикистон дар 8 навъи варзиш шарафи кишварро ҳимоят карданд. Инҳо – варзишгарон Дилшод Назаров (варзиши сабук, гурзандозӣ), Галина Митяева (варзиши сабук, гурзандозӣ), Расул Боқиев (дзюдо, то


73 кг

), Шералӣ Бозоров (дзюдо, то

81 кг

), Неъматуллоҳ Асронқулов (дзюдо, то

90 кг

), Виталий Корякин (гӯштии озод, то

60 кг

), Юсуф Абдусаломов (гӯштии озод, то

84 кг

), Шералӣ Достиев (бокс, то

48 кг

), Анвар Юнусов (бокс, то

51 кг

), Ҷаҳон Қурбонов (бокс, то

81 кг

), Екатерина Измайлова (шиноварӣ, тарзи озод,

50 м

), Алишер Чингизов (шиноварӣ, тарзи озод,

50 м

), Албина Камолиддинова (камонварӣ), Сергей Бабиков (тирандозӣ) ва Низом Сангов (вазнабардорӣ,

69 кг

) мебошанд.




 



 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Баъди Хоманаӣ Эронро кӣ идора мекунад?

Фармондеҳони Сипоҳ, Пизишкиён ва Қолибоф чӣ нақш доранд?

Мақомот аз сокинони пойтахт хостаанд, ки аз хидматрасонии таксиҳои ба истилоҳ “10-сомонӣ” истифода накунанд

Шаҳрдорӣ мегӯяд, фаъолияти кирокашҳои “10-сомонӣ” ғайриқонунӣ аст ва онҳо ба буҷа маблағ намесупоранд.

Апрели сершамол. Пешгӯии вазъи ҳаво барои як моҳ

Моҳи дуюми фасли баҳор дар Тоҷикистон аз падидаҳои табиӣ бой хоҳад буд.

Се корманди “Азия-Плюс” соҳиби ҷоизаҳои Эътилофи занони рӯзноманигори Тоҷикистон шуданд

Ин озмун ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор ва дирӯз, 31-уми март ҷамъбаст шуд.

“Somon.tj” ҳамчун нуқтаи асосии бозори меҳнат. Сатҳи шинохти тамға ба 86,1% расид

Пойгоҳи “Somon.tj” мавқеи худро ҳамчун яке аз воситаи муҳими рақамӣ дар бозори меҳнати Тоҷикистон мустаҳкам мекунад.

Тоҷикистон ба Ҷоми футболи Осиё-2027 роҳхат гирифт

Ин бори дуюм дар таърих аст, ки тими миллии футболи Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё роҳ меёбад.