Қотили Олимпур иқрор шудааст, ки рӯзноманигорро паррондааст

Далер Ғуфронов

Душанбе. 27-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳайати мушовараи Додгоҳи Олии Тоҷикистон ба Насрулло Шарипов, ки дар қатли рӯзноманигори маъруф Муҳиддин Олимпур гунаҳкори асосӣ шуморида мешавад, айбнома эълом дошт. Аз Додгоҳи Олии ҷумҳурӣ ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки Н.Шарипов дар содир намудани ҷиноят тибқи моддаҳои 74 (Ташкил кардани гурӯҳи муташакккили мусаллаҳ) ва 63-и Кодекси […]


Душанбе. 27-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳайати мушовараи Додгоҳи Олии Тоҷикистон ба Насрулло Шарипов, ки дар қатли рӯзноманигори маъруф Муҳиддин Олимпур гунаҳкори асосӣ шуморида мешавад, айбнома эълом дошт.




Аз Додгоҳи Олии ҷумҳурӣ ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки Н.Шарипов дар содир намудани ҷиноят тибқи моддаҳои 74 (Ташкил кардани гурӯҳи муташакккили мусаллаҳ) ва 63-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Содир намудани амали террористӣ) гунаҳкор дониста мешавад.



Ба иттилои манбаъ, сокини шаҳри Ваҳдат Н.Шарипов солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар содир кардани ҷиноятҳои дигар низ даст доштааст. Дар таърихи 13-уми декабри соли 1995 ӯ даст ба куштори роҳбари бахши тоҷикии Би-Би-Си дар Тоҷикистон Муҳиддин Олимпур даст мезанад. Дар додгоҳ гуфтанд, қотил иқрор шудааст, ки бо таппонча худаш рӯзноманигорро ба қатл расонидааст.



Мувофиқи маълумоти Додгоҳи Олӣ, дар куштори М.Олимпур боз се нафари дигар низ иштирок кардаанд, ки аллакай ба мӯҳлатҳои гуногуни маҳрумият аз озодӣ маҳкум гардидаанд.





 


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.