ҲХДТ сафҳои худро «тоза» мекунад

Душанбе. 27-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Муовини аввали раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) Давлаталӣ Давлатзода зимни сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки аз соли 2000 то имрӯз беш аз 20 ҳазор нафар аз сафҳои ҳизб хориҷ карда шуданд. Аз сафи ҳизб хориҷ кардани чунин миқдори аъзоро муовини аввали раиси ҳизб бо он […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 27-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Муовини аввали раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) Давлаталӣ Давлатзода зимни сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки аз соли 2000 то имрӯз беш аз 20 ҳазор нафар аз сафҳои ҳизб хориҷ карда шуданд.




Аз сафи ҳизб хориҷ кардани чунин миқдори аъзоро муовини аввали раиси ҳизб бо он шарҳ медиҳад, ки солҳои ахир афроде узвияти ҳизбро танҳо ба хотири ҷоҳу ҷалол ва дарёфти мансаб пазируфтанд, ки ба обрӯ ва нуфузи ҳизб дар ҷомеа таъсир манфӣ расонид ва аз ин рӯ, тасмим гирифта шудааст, ки ин зумра шахсон аз сафи ҳизб хориҷ карда шаванд. «Ҳамчунин бо сабабҳои объективӣ аъзои ҳизб, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранду бо ҳизб дар робита нестанд ва ҳаққулузвият низ намесупоранд, аз сафҳои ҳизб хориҷ карда шуданд, – гуфт ӯ.



Д.Давлатзода таъкид сохт, ки чунин тарзи корбарӣ минбаъд дар марҳилаи тозаи ислоҳоти фаъолияти ҳизб низ идома хоҳад ёфт, вале «ин маънои онро надорад, ки қабул ба узвияти ҳизб барои шахсони арзанда маҳдуд карда шудааст».



Қобили зикр аст, ки феълан ҳизби ҳокими ҷумҳурӣ, ки раисии онро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бар дӯш дорад, беш аз 115 ҳазор аъзо дорад ва шумораи аъзои он дар қиёс бо ҳизбҳои сиёсии дигари ҷумҳурӣ бамаротиб бештар аст.






 






 




 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.