Дар Тоҷикистон истеҳсоли тухм 20 млн. дона афзудааст

Душанбе. 27-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз зимни сӯҳбат бо рӯзноманигорон сардори Раёсати чорводорӣ, моҳипарварӣ, паррандапарварӣ ва занбӯриасалпарварии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ Музаффар Мирзоев изҳор дошт, ки соли ҷорӣ саршумори парранда дар ҳамаи субъектҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 3 млн. 423 ҳазор саррро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 895 ҳазор сар бештар аст. Ӯ […]

Фирдавс Муртазоев


Душанбе. 27-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз зимни сӯҳбат бо рӯзноманигорон сардори Раёсати чорводорӣ, моҳипарварӣ, паррандапарварӣ ва занбӯриасалпарварии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ Музаффар Мирзоев изҳор дошт, ки соли ҷорӣ саршумори парранда дар ҳамаи субъектҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 3 млн. 423 ҳазор саррро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 895 ҳазор сар бештар аст.




Ӯ зикр кард, ки дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 86 млн. 303 ҳазор дона тухм истеҳсол шудааст, ки дар қиёс бо соли гузашта 18,6 млн. дона зиёдтар аст.



Ба қавли ӯ, дар ҷумҳурӣ 16 корхонаи паррандапаварӣ бо саршумори 875 ҳазору 143 сар парранда амал мекунад ва соли равон дар онҳо 43,8 млн. дона тухми истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 20 млн. дона бештар мебошад.



М.Мирзоев ҳамзамон иброз дошт, ки соли равон ташкил кардани боз 5 корхонаи паррандапарварӣ дар ноҳияҳои Ваҳдат, Абдураҳмони Ҷомӣ, Кӯлоб, Шаҳритӯс ва Файзобод дар назар аст.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.