Дар пойтахт барои пешгирии талафоти барқ ҳисобкунакҳои электронӣ насб мекунанд

Валентина Кондрашова

            Душанбе. 29-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар чаҳорчӯбаи татбиқи амалии лоиҳаи коҳиши талафоти нерӯи барқ, ки аз ҷониби Ассосиатсияи рушди Бонки ҷаҳонӣ, ҳукумати Швейтсария ва ширкати «Барқи тоҷик» маблағгузорӣ карда мешавад, дар шаҳри Душанбе ҳисобкунакҳои индуктивиро бо электронӣ иваз мекунанд.             Директори техникии коҳиши талафоти барқи ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» Маҳмадамин Аминов […]



           

Душанбе. 29-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар чаҳорчӯбаи татбиқи амалии лоиҳаи коҳиши талафоти нерӯи барқ, ки аз ҷониби Ассосиатсияи рушди Бонки ҷаҳонӣ, ҳукумати Швейтсария ва ширкати «Барқи тоҷик» маблағгузорӣ карда мешавад, дар шаҳри Душанбе ҳисобкунакҳои индуктивиро бо электронӣ иваз мекунанд.





           

Директори техникии коҳиши талафоти барқи ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» Маҳмадамин Аминов дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки ҳисобкунакҳо дар тендери байнулмилалӣ харида шуданд, ки дар он ширкати Чин ғолиб омадааст. Ҳисобкунакҳо ҳам дар шиддати барқи 47 ва ҳам 400 волт кор мекунанд.




           

Ба гуфтаи М.Аминов, ин ҳисобкунакҳо аз ҳама гуна роҳу воситаҳои дуздии барқ ҳифз карда шуда, дар хотираи худ нишондодҳои 1, 10, 20 рӯз ва се солро маҳфуз нигоҳ медоранд, ки он дар навбати худ имкон медиҳад тавозуни нерӯи барқро дар низоми энергетикии пойтахт мушаххасан зери назорат қарор дод.



Ғайр аз ин, ба қавли М.Аминов, ширкати «Барқи тоҷик» низоми биллингиро ҷорӣ месозад, ки ба туфайли он метавон иқтидорҳои иловагии истифодаи нерӯи барқро, ки дар тамоми нуқтаҳо насб мегарданд, ошкор сохт. «Иваз намудани ҳисобкунакҳо ройгон буда, он аз ҳисоби намояндагони маблағгузори лоиҳа тва ширкати «Барқи тоҷик» амалӣ мегардад», – гуфт ӯ.




           

Мавсуф зикр кард, ки ҳисобкунакҳои ҳамаи истеъмолкунандагони нерӯи барқи шаҳри Душанбе, ки 160 ҳазор ададро медиҳанд, иваз карда мешаванд.




           

Айни замон ивазкунии ҳисобкунакҳо дар микрорайони 65-ум, дар ҳавлиҳои шахсии фурудгоҳи кӯҳна, шаҳраки Калинин ва вокзали роҳи оҳан ҷараён дорад ва анҷоми ин кор то 22-уми декабри соли оянда, яъне дар рӯзи ҷашни касбии энергетикҳо ба нақша гирифта шудааст.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.