Дар масҷиди ҷомеи Суғд сохтмони манораи дуюм шурӯъ шуд

Хуҷанд. 27-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар қаламрави масҷиди ҷомеи Шайх Муслиҳиддини вилояти Суғд сохтмони манораи дуюм шурӯъ гардид. Мудири мадрасаи исломӣ Ҳоҷӣ Орифҷон Байзоев дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки ҳамчунин дар як вақт сохтмони бинои нави мадраса низ оғоз мегардад. Бино ба иттилои манбаъ, сохтмони манораро, ки баландиаш […]

Бахтиёр Валиев


Хуҷанд. 27-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар қаламрави масҷиди ҷомеи Шайх Муслиҳиддини вилояти Суғд сохтмони манораи дуюм шурӯъ гардид. Мудири мадрасаи исломӣ Ҳоҷӣ Орифҷон Байзоев дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки ҳамчунин дар як вақт сохтмони бинои нави мадраса низ оғоз мегардад.




Бино ба иттилои манбаъ, сохтмони манораро, ки баландиаш


21 метр

аст, ширкати «Барс» ба ӯҳда гирифтааст. Бунёди мадраса аз ҳисоби маблағҳои хайрия ва дастгирии раиси вилоят Қоҳир Расулзода сурат хоҳад гирифт. Бинои мадраса ба ду қисм – занона ва мардона тақсим гардида, дар он дар як вақт беш аз 120 нафар толибилмон таҳсил хоҳанд кард. Айни замон дар мадраса 70 духтар ва 65 писар таҳсил мекунанд.




           

«Сохтмони манора ва мадраса охири соли 2009 ба анҷом хоҳад расид ва дар ин кор шитоб кардан лозим нест, зеро чунин иншоот аҳамияти таърихӣ доранд», – афзуд О.Байзоев.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.