Дар Душанбе намоишгоҳи байнулмилалии «Тандурустӣ – DIHE 2008» ифтитоҳ мегардад

Мавҷуда Ҳасанова

            Душанбе. 27-уми сентябр – Имрӯз дар шаҳри Душанбе, дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» намоишгоҳи навбатии чаҳоруми байнулмилалии «Тандурустӣ – DIHE 2008» баргузор мешавад.             Намояндагони ширкати « ITECA Osiyo » (Бритониёи Кабир») ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар намоишгоҳ намояндагони ҳудуди 30 ширкат аз 15 кишвари дунё иштирок мекунанд. Дар намоишгоҳ ширкату корхонаҳои […]



           

Душанбе. 27-уми сентябр – Имрӯз дар шаҳри Душанбе, дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» намоишгоҳи навбатии чаҳоруми байнулмилалии «Тандурустӣ –


DIHE


2008» баргузор мешавад.





           

Намояндагони ширкати «


ITECA




Osiyo


» (Бритониёи Кабир») ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар намоишгоҳ намояндагони ҳудуди 30 ширкат аз 15 кишвари дунё иштирок мекунанд. Дар намоишгоҳ ширкату корхонаҳои давлатҳои Маҷористон, Белгия, Эрон, Русия, Украина, Шветсия, Арманистон, Ҷопон, Олмон, Белорус, Туркия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон маҳсулоти худро ба маърази тамошо мегузоранд.



Бино ба иттилои манбаъ, намоишгоҳ аз ҷониби ширкати намоишгоҳҳои Бритониёи Кабир «


ITECA




Osiyo


и


I


.


T


.


E


.

 



E


&


C




Ltd


», ҳукумати Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ, Палатаи савдо ва саноат, Маркази ташхис ва сертификатсияи доруворӣ ва техникаи тиббии Тоҷикистон ва Маркази ҷумҳуриявии илмиву муолиҷавии «Стоматолог»

 

созмон дода шуда, дар он бори нахуст ширкатҳои соҳаи тибби Чин иштирок мекунанд.




           



Дар намоишгоҳ ҳама гуна тамоили муосири рушди соҳаи тандурустӣ таҷассум гардида, он бо мақсади мусоидат ба ҷалби сармоягузорӣ, ҷорисозии технологияи нав, дастовардҳои тозаи илмии тиббӣ ва таъмини бозор бо доруворӣ гузаронида мешавад. Намоишгоҳ табибони та


ҷ


рибакунандаро бо технологияи нав дар соҳаи тандуруст


ӣ


, инчунин бо дорувор


ӣ


ва асбоҳои нави тибб


ӣ


ошно менамояд.




           



Мувофиқи пешгӯии созмондиҳандагон, намоишгоҳ ҳудуди 4 ҳазор намояндаи соҳаи тандурустии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва давлатҳои хориҷи дурро сарҷамъ хоҳад кард. Қобили зикр аст, ки ин намоишгоҳ дар ҷомеа ва дар байни мутахассисону коршиносони соҳаи тандурустии Тоҷикистон нуфузу ҷойгоҳи муҳимеро касб кардааст. Соли гузашта дар кори намоишгоҳ 35 ширкат аз 18 кишвари дунё иштирок карданд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025 ба андозаи 25,4% ва нисбат ба як даҳсола пеш - 5,5 баробар зиёдтар мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 56

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари “Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...