Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои таҷлили зодрӯзаш “дар доираи берун аз оила” ва нақзи қонуни танзими ҷашну маросим 117 ҳазор сомонӣ ҷарима бастааст. Дар ин бора пулиси Суғд иттилоъ дода, аз соҳибкор Амирҷон Холматов ном бурдааст. Ӯ 29 сол дошта, сокини ҷамоати Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров будааст. Ба иттилои манбаъ, Холматов […]

Шоираи Қудрат, asia+

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои таҷлили зодрӯзаш “дар доираи берун аз оила” ва нақзи қонуни танзими ҷашну маросим 117 ҳазор сомонӣ ҷарима бастааст.

Дар ин бора пулиси Суғд иттилоъ дода, аз соҳибкор Амирҷон Холматов ном бурдааст. Ӯ 29 сол дошта, сокини ҷамоати Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров будааст.

Ба иттилои манбаъ, Холматов рӯзи 1-уми феврали соли ҷорӣ, тахминан соати 15:00 дар қаҳвахонаи шахсии худ маъракаи зодрӯз баргузор ва онро тавассути пахши мустақим  дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн кардааст.

Мақомот гуфтаанд, ки “чунин намоишкорӣ метавонад боиси пайравӣ шавад”.

Додгоҳ соҳибкорро бар асоси моддаи 481 (қисми 8)-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои нақзи талаботи қонун дар бораи танзими ҷашну маросим 117 ҳазор сомонӣ (1 ҳазору 500 нишондиҳанда) ҷарима бастааст.

Назари худи Холматов ба ҳукми додгоҳ ва дар робита ба ин қазия маълум нест.

Бояд гуфт, соли гузашта дар Тоҷикистон алайҳи 9 мансабдор барои риоя накардани Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” парванда боз шуда буд. Аз Раёсати муқовимат бо фасоди Оҷонсии зиддифасод дар нишасти матбуотии ахир дар моҳи феврали имсол гуфта буданд, ҳамаи онҳо мансабдорони сатҳи маҳаллӣ буда, дар байнашон мақомдорони баландпоя, мисли раису вазир нестанд.

Ин ниҳод гуфта буд, соли гузашта дар умум 25 ҳолати вайрон кардани қонуни танзимро ошкор кардааст.

Дар ҳамин ҳол Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ гуфта буд, ки соли 2025 ниҳоди зери роҳбариаш 830 ҳолати нақзи қонуни танзимро ошкор кардааст, ки ин рақам дар муқоиса бо соли 2024-ум (1 ҳазору 106) 276 адад кам аст. Ӯ ин коҳишро нишонаи беҳбуди вазъ арзёбӣ карда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.