Соли гузашта 9 мансабдор барои нақзи қонуни танзим ба додгоҳ кашида шудаанд

Соли гузашта алайҳи 9 мансабдор барои риоя накардани Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” парванда боз шудааст. Ҳамаи онҳо мансабдорони сатҳи маҳаллӣ буда, дар байнашон мақомдорони баландпоя, мисли раису вазир нестанд.   9 мансабдор ба додгоҳ кашида шуд Нодир Акмалзода, сардори Раёсати муқовимат бо фасоди Оҷонсии зиддифасод, моҳи феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки соли […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Соли гузашта алайҳи 9 мансабдор барои риоя накардани Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” парванда боз шудааст. Ҳамаи онҳо мансабдорони сатҳи маҳаллӣ буда, дар байнашон мақомдорони баландпоя, мисли раису вазир нестанд.

 

9 мансабдор ба додгоҳ кашида шуд

Нодир Акмалзода, сардори Раёсати муқовимат бо фасоди Оҷонсии зиддифасод, моҳи феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки соли 2025 ин ниҳод, 25 ҳолати вайрон кардани қонуни танзимро ошкор кардааст:

– 9 ҳолат ба мансабдорон;

– 4 ҳолат ба шахсони ҳуқуқӣ (корхонаву муассисот);

– 12 ҳолат ба шахсони воқеӣ (шаҳрвандони оддӣ).

 

Акмалзода номи мансабдоронро ошкор накарда, танҳо вазифаи баъзеи онҳоро зикр кард. Дар байни онҳо раиси ҷамоати Мирзо Ризо дар шаҳри Ҳисор, командири Шӯъбачаи оташнишонӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, роҳбари Хоҷагии ҷангал дар ноҳияи Муъминобод, директори мактабе дар шаҳри Ваҳдат ва сардори шабакаҳои тақсимоти барқи яке аз ноҳияҳо будааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Сокинон, аз ҷумла се мансабдор барои нақзи қонуни танзим қариб 11 млн. сомонӣ ҷарима шудаанд

Ҳамаи онҳо мансабдорони сатҳи маҳаллӣ мебошанд, ки дар нишасти хабарӣ ин омор зери суол бурда шуд. Ин масъули Оҷонсии зиддифасод ба суоли такрории рӯзноманигорон дар мавриди риоя накардани қонуни танзим аз сӯйи мансабдорони баландпоя гуфт, “мансабдорони баландпоя дар сатҳи воҳидҳои мақомдорони дахлдор ҳастанд”, вале боз ҳам номе зикр накард.

Танҳо афзуд, ки ду ҳолати нақзи қонуни танзим аз сӯйи мансабдорон дар шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудааст.

Ба гуфтаи Акмалзода, нисбати ҳамаи 25 нафар парванда боз шуда, барои баррасӣ ба додгоҳ фиристода шудааст. Вале маълум нест, ки онҳо чӣ ҷазо гирифтаанд.

Қаблан, Фарухулло Олимзода, муовини раиси Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим, ниҳоди асосие, ки татбиқи ин қонунро назорат мекунад, гуфта буд, ки соли гузашта танҳо 3 мансабдор барои вайрон кардани қонуни танзим ҷарима шудааст. Аммо ӯ ҳам мансаби дақиқи онҳоро зикр накард ва миқдори ҷаримаро ҳам нагуфт.

Бояд гуфт, дар асоси моддаи 481-и Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, барои вайрон кардани қонуни танзим аз 780 то 117 ҳазор сомонӣ ҷарима пешбинӣ шудааст.

 

"Коҳиши нақзи қонуни танзим"

Дар Тоҷикистон риояи муқаррароти Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” аз сӯйи ниҳодҳои гуногуни кишвар, сар аз Вазорати корҳои дохилӣ, Додситонии кулл, Оҷонсии зиддифасод то Кумитаи дин назорат мешавад.

Аз ҷумла, Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ гуфта буд, ки соли 2025 ниҳоди зери роҳбариаш 830 ҳолати нақзи қонуни танзимро ошкор кардааст, ки ин рақам дар муқоиса бо соли 2024-ум (1 ҳазору 106) 276 адад кам аст. Вазир ин коҳишро нишонаи беҳбуди вазъ арзёбӣ кард.

 

Қариб 11 миллион сомонӣ ҷарима

Дар ҳамин ҳол, Рустам Мирзозода, раиси Додгоҳи олӣ моҳи феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки соли 2025 додгоҳҳои кишвар, 1 ҳазору 297 парвандаи маъмуриро дар робита ба вайрон кардани қонуни танзими ҷашну маросим баррасӣ кардаанд.

Ба гуфтаи ӯ, дар умум 1 ҳазору 268 тан барои нақзи қонуни мазкур ба маблағи ҷамъии 10 миллиону 989 ҳазору 681 сомонӣ ҷарима шудааст. Аз ин маблағ то ҳол 7 миллиону 28 ҳазору 808 сомонӣ ситонида шуда, қариб як чоряки дигари ҷаримаҳо то ҳанӯз пардохт нашудааст.

Ёдовар мешавем, ки соли 2024 бо қабули тағйиру иловаҳо ҷазо барои нақзи Қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим” боз ҳам сангинтар гардид. Тибқи он барои риоя накардани талаботи ин қонун, аз 8 ҳазору 640 сомонӣ (ҳудуди 800 доллар) то ба 216 ҳазор 000 сомонӣ (ҳудуди 20 ҳазор доллар) ҷарима таъин мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.