Эълони рӯзи мотам дар Қирғизистон

root

                Душанбе. 7-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ба хотири қурбониёни заминларза имр ӯ з дар Қирғизистон р ӯ зи мотам эълон карда шуд. Расонаҳои хабарии Қирғизистон иттилоъ медиҳанд, ки дар ин бора сарвари давлат фармон ба имзо расонидааст. Президенти Қирғизистон Қурмонбек Боқиев ба маҳалли офат рафта, бо ҷ араёни бартарафсозии оқибатҳои заминларза аз наздик шинос […]




               




Душанбе. 7-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ба хотири қурбониёни заминларза имр


ӯ


з дар Қирғизистон р


ӯ


зи мотам эълон карда шуд. Расонаҳои хабарии Қирғизистон иттилоъ медиҳанд, ки дар ин бора сарвари давлат фармон ба имзо расонидааст. Президенти Қирғизистон Қурмонбек Боқиев ба маҳалли офат рафта, бо


ҷ


араёни бартарафсозии оқибатҳои заминларза аз наздик шинос шуд. Дар ҷумҳурӣ фонди кӯмак ба осебдидагон ба фаъолият шурӯъ кард. Чанде қабл кӯмаки башардӯстонаи Русия иборат аз палаткаву кампалҳои гарм, таҷҳизоти гармидиҳӣ ва доруворӣ ба ин кишвар расонида шуд. Сарони кишварҳои зиёде, аз ҷумла Тоҷикистону Русия ва Қазоқистон ба мардуми қирғиз изҳори ҳамдардӣ карданд.

 






           

Агентии иттилоотии «24


kg


» бо истинод ба шӯъбаи навбатдории Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Қирғизистон хабар медиҳад, ки тибқи маълумоти ахир, шумораи қурбониёни зилзила дар деҳаи Нури ноҳияи Олой ба 74 нафар расида, ки 41 нафари он к


ӯ


дакон мебошанд.

   





           

Гуфта мешавад, ки 110 нафар сокинони осебдида ба беморхонаҳои шаҳри Ош интиқол дода шуда, 13 нафар захмиён дар бемористони Олой ҷой дода шудаанд. Дар ҷои ҳодиса корҳои наҷотдиҳиву чустуҷӯӣ идома доранд.




           

Ҳукумати кишвар қарор кардааст, баҳри осебдидагон, ки аз манзили зист маҳрум шудаанд, 35 млн. сом (наздик ба $1 млн.) маблағ ҷудо кунад. Инчунин аз фондҳои сарвазир ва президенти Қирғизистон ба оилаҳои осебдида боз 2 млн. сом маблағ ихтисос дода мешавад.




           

Дар ҳамин ҳол, зилзилашиносон мегӯянд, ки имкони такрори зилзилаҳо мавҷуд аст ва шаби 6-уми октябр ҳудуди сад зилзила ба қайд гирифта шудааст, ки 15-тои он заминларзаи шадид буданд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар Тоҷикистон аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад. Ҷашнвора имсол бо унвони “Фурӯғи маърифат” доир шуда, давоми...

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...