Президенти Тоҷикистон ба унвони президенти Қирғизистон барқияи ҳамдардӣ фиристод

root

Душанбе. 7-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон 6 октябр ба унвони Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Қурмонбек Боқиев барқияи ҳамдардӣ фиристод. Дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Мардуми Тоҷикистон аз хабари ба амал омадани зилзилаи сахт дар мамлакати Шумо ва дар натиҷаи он қурбон гардидани одамон ва ҳисороти зиёди молии ин фалокати табиӣ сахт […]



Душанбе. 7-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон 6 октябр ба унвони Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Қурмонбек Боқиев барқияи ҳамдардӣ фиристод.




Дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Мардуми Тоҷикистон аз хабари ба амал омадани зилзилаи сахт дар мамлакати Шумо ва дар натиҷаи он қурбон гардидани одамон ва ҳисороти зиёди молии ин фалокати табиӣ сахт андӯҳгин гардид. Дар ин лаҳзаҳои пур аз ғаму андӯҳ аз Шумо хоҳишмандам аз номи Ҳукумат ва халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳли оила ва хешу таборони шахсони ҳалокшуда ва осебдида ҳамдардии самимонаи моро расонед. Ҳукумати Тоҷикистон тайёр аст дар рӯҳияи анъанаҳои чандинасраи дӯстона, ҳусни ҳамҷаворӣ ва дастгирии ҳамдигар ба халқи бародари қирғиз то ҳадди имкон кӯмаки башардӯстона расонад». Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.



Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 56

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари “Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...