Олмон тӯли солҳои 2009-2010 ба Тоҷикистон ба маблағи 36 млн. евро кӯмак мерасонад

Пайрав Чоршанбиев

            Душанбе. 8-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷараёни гуфтушуниди ҳайатҳои намояндагии Олмону Тоҷикистон оид ба ҳамкории иҷтимоиву иқтисодӣ роҳбари шӯъбаи Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубии Вазорати федералии Олмон оид ба рушди иқтисодӣ Марион Урбан изҳор дошт, ки Олмон тӯли солҳои 2009-2010 дар доираи барномаҳои ҳамкории техникӣ ба маблағи 7 млн. ва молиявӣ ба маблағи […]



           

Душанбе. 8-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷараёни гуфтушуниди ҳайатҳои намояндагии Олмону Тоҷикистон оид ба ҳамкории иҷтимоиву иқтисодӣ роҳбари шӯъбаи Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубии Вазорати федералии Олмон оид ба рушди иқтисодӣ Марион Урбан изҳор дошт, ки Олмон тӯли солҳои 2009-2010 дар доираи барномаҳои ҳамкории техникӣ ба маблағи 7 млн. ва молиявӣ ба маблағи 29 млн. евро ба Тоҷикистон кӯмак мерасонад.





           

Хонум Урбан инчунин изҳор дошт, ки кишвараш баҳри азнавсозии барномаи захираҳои молиявӣ боз 1 млн. евро маблағи иловагӣ ихтисос медиҳад. Номурда гуфт: «Олмон ин маблағҳоро аслан барои мусоидат ба рушди иқтисодӣ тавассути молиягузории хурд, дастгирии машваратии соҳибкории хурду миёна ва беҳсозии шароитҳои ҳуқуқиву сиёсии татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ ҷудо менамояд».




           

Ёдрас мекунем, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе гуфтушуниди дурӯзаи Тоҷикистону Олмон оид ба масоили ҳамкории иҷтимоиву иқтисодӣ шурӯъ шуданд. Зимни муаррифии ҳайати ҷониби Олмон сафири Олмон дар Тоҷикистон хонум Дорис Хертрампф аз имконоти густурдаи роҳандозии ҳамкориҳои муфиди иҷтимоиву иқтисодии ду кишвар ёдовар шуд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Апрели сершамол: пешгӯии обуҳавои якмоҳа дар Тоҷикистон

Моҳи дуюми фасли баҳор дар Тоҷикистон аз падидаҳои табиӣ бой хоҳад буд.

Се корманди “Азия-Плюс” соҳиби ҷоизаҳои Эътилофи занони рӯзноманигори Тоҷикистон шуданд

Ин озмун ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор ва дирӯз, 31-уми март ҷамъбаст шуд.

“Somon.tj” ҳамчун нуқтаи асосии бозори меҳнат. Сатҳи шинохти тамға ба 86,1% расид

Пойгоҳи “Somon.tj” мавқеи худро ҳамчун яке аз воситаи муҳими рақамӣ дар бозори меҳнати Тоҷикистон мустаҳкам мекунад.

Тоҷикистон ба Ҷоми футболи Осиё-2027 роҳхат гирифт

Ин бори дуюм дар таърих аст, ки тими миллии футболи Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё роҳ меёбад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 57

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тоҷикистон боз дар сафи кишварҳои дорои ҳавои ифлос қарор гирифт

Чӣ гуна мо ба ин сатҳ расидем ва чиро ҳоло ҳам метавон ислоҳ кард?