Тоҷикистону Австрия ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодиро густариш медиҳанд

            Душанбе. 8-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи 16-уми октябр ҳайати Палатаи Федералии иқтисодии Ҷумҳурии Австрия таҳти сарварии ноиби президенти ин палата доктор Рихард Шентс ба Тоҷикистон ташриф меорад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд.             Ба иттилои манбаъ, ҳайати Австрия тақрибан аз 20 намояндаи ширкатҳои соҳаҳои гуногуни […]

Мавҷуда Ҳасанова



           

Душанбе. 8-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи 16-уми октябр ҳайати Палатаи Федералии иқтисодии Ҷумҳурии Австрия таҳти сарварии ноиби президенти ин палата доктор Рихард Шентс ба Тоҷикистон ташриф меорад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд.





           

Ба иттилои манбаъ, ҳайати Австрия тақрибан аз 20 намояндаи ширкатҳои соҳаҳои гуногуни саноати ин кишвар иборат буда, боздид бо мақсади таҳким ва густариши муносиботи ҳамкориҳои иқтисодии дуҷониба амалӣ мегардад.




           

Интизор меравад, ки дар ҷараёни сафвар ҳайати Австрия бо вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва мақомоти роҳбарии Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ дидору гуфтушунид хоҳад кард.




           

Дар ҳамин ҳол, аз Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки ташрифи муовини Сарвазир-вазири корҳои хориҷии Давлати Қувайт, доктор Муҳаммад Сабоҳ Ас-салом Ас-Сабоҳ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бояд рӯзҳои 13-14-уми октябр сурат мегирифт, ба вақти дигар мавқуф гузошта шуд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.