ҲНИТ аз афзудани ҳодисаҳои таъқиби фаъолони ҳизб изҳори нигаронӣ мекунад

Далер Ғуфронов

Душанбе. 9-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар маҷлиси ҳисоботии мақомоти иҷроияи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ташкилоти ҳизбии вилояти Суғд созмони фаъолтарини ҳизб дониста шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи раиси ҳизб Ҳикматулло Сайфуллозода хабар дод. Номбурда мегӯяд, ки фаъолияти ташкилоти ҳизбӣ дар Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон ва шӯъбаи фарҳанги мақомоти […]


Душанбе. 9-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар маҷлиси ҳисоботии мақомоти иҷроияи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ташкилоти ҳизбии вилояти Суғд созмони фаъолтарини ҳизб дониста шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи раиси ҳизб Ҳикматулло Сайфуллозода хабар дод.




Номбурда мегӯяд, ки фаъолияти ташкилоти ҳизбӣ дар Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон ва шӯъбаи фарҳанги мақомоти марказии ҳизб ғайриқаноатбахш арзёбӣ шуданд.



«Мақомоти раҳбарии созмонҳои минтақавии ҳизб ӯҳдадор карда шуданд, ки то ҷаласаи навбатии ҳисоботӣ дар моҳи ноябр номзадҳои худро ба интихоботи парлумонӣ пешниҳод созанд», – гуфт Ҳ, Сайфуллозода.



Ба қавли сухангӯи раиси ҲНИТ, дар фарҷоми ҷаласа мақомоти раҳбарӣ аз афзудани ҳодисаҳои таъқиби чанде аз фаъолони ҳизб изҳори нигаронӣ кард.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

11 сол зиндон ба сармуҳосиби беморхонаи марказии Варзоб. Ӯ барои тасарруфи беш аз 1,1 млн сомонӣ гумонзад буд

Додгоҳи Варзоб Бахтовар Сиддиқов, сармуҳосиби беморхонаи марказии ин ноҳияро, ки ба тасарруфи беш аз 1,1 млн сомонӣ аз буҷа гумонзад мешуд, ба 11 соли...

Ароқчӣ мегӯяд, музокира надорем, Трамп гуфт, ҳадафи ӯ “тағйири режим” нест. Вазъи Ховари Миёна дар рӯзи 33-юми ҷанг дар Эрон

Шабонарӯзи гузашта дар Эрон ва дигар кишварҳои Ховари Миёна чӣ гузашт, дар ин матлаби мо хонед.

Баъди Хоманаӣ Эронро кӣ идора мекунад?

Фармондеҳони Сипоҳ, Пизишкиён ва Қолибоф чӣ нақш доранд?

Мақомот аз сокинони пойтахт хостаанд, ки аз хидматрасонии таксиҳои ба истилоҳ “10-сомонӣ” истифода накунанд

Шаҳрдорӣ мегӯяд, фаъолияти кирокашҳои “10-сомонӣ” ғайриқонунӣ аст ва онҳо ба буҷа маблағ намесупоранд.

Апрели сершамол. Пешгӯии вазъи ҳаво барои як моҳ

Моҳи дуюми фасли баҳор дар Тоҷикистон аз падидаҳои табиӣ бой хоҳад буд.

Се корманди “Азия-Плюс” соҳиби ҷоизаҳои Эътилофи занони рӯзноманигори Тоҷикистон шуданд

Ин озмун ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор ва дирӯз, 31-уми март ҷамъбаст шуд.