Дар Тоҷикистон нархи истифодаи газ афзуд

Душанбе. 12-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон нархи истифодаи газ дар соли 2008 ба андозаи 54 дарсад афзуд. Рӯзи 9-уми январ дар вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ дар ин хусус қарори мувофиқ ба имзо расид. Тавре аз вазорати мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар Тоҷикистон аз 1-уми январи соли 2009 арзиши пардохти […]

Виктория Наумова


Душанбе. 12-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон нархи истифодаи газ дар соли 2008 ба андозаи 54 дарсад афзуд. Рӯзи 9-уми январ дар вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ дар ин хусус қарори мувофиқ ба имзо расид.




Тавре аз вазорати мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар Тоҷикистон аз 1-уми январи соли 2009 арзиши пардохти истифодаи гази табиӣ барои аҳолӣ беш аз 1 ҳазор сомонӣ барои ҳазор метри мукааб муқарра шуд.

 

Соли 2008 аҳолӣ барои истифодаи 1 ҳазор метри мукааби газ 688,15 сомонӣ (ҳудуди 200$) пардохт мекард.



Ба иттилои манбаъ, барои корхонаҳои бузурги ҷумҳурӣ, аз қабили КВД «Талко», ҶСП «Тоҷиказот», КВД «Тоҷиксемент» ва Маркази барқу гармидиҳии Душанбе арзиши истифодаи гази табиӣ 983,24 сомонӣ (283 $


) барои ҳазор метри мукааб муқаррар шудааст. Соли 2008 арзиши он барои корхонаҳо ба 647 сомонӣ (беш аз 186 $) баробар буд.



Ёдрас мекунем, ки тибқи созишномаи аз 31-уми декабр миёни «Тоҷикгаз» ва «Узтрансгаз» имзошуда, соли ҷорӣ Тоҷикистон аз Ӯзбекистон дар ҳаҷми 530 млн. метри мукааб газ харидорӣ хоҳад кард ва арзиши он барои 1 ҳазор мети мукааб 240 $ муқаррар шуд.



Лозим ба тазаккур аст, ки дар марҳилаи аввал ҷониби Ӯзбекистон барои 1000 метри мукааб 300 $ талаб дошт, вале пас аз гуфтушунидҳои тӯлонӣ ба ҳайати Тоҷикистон муяссар гардид, ки арзиши онро ба андозаи 60 $ камтар кунад.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.