Айни замон ҳаҷми қарзи давлатии хориҷии Тоҷикистон ба 1 млрд. 371 млн. $ баробар аст

            Душанбе. 13-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳаҷми қарзи давлатии хориҷии Тоҷикистон ба санаи 1-уми январи соли ҷорӣ ба 1 млрд. 371 млн. $ баробар аст, ки 26,7 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.             Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар доданд, ҳаҷми қрзи давлатии хориҷии кишвар дар зарфи 12 моҳи соли гузашта […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 13-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳаҷми қарзи давлатии хориҷии Тоҷикистон ба санаи 1-уми январи соли ҷорӣ ба 1 млрд. 371 млн. $ баробар аст, ки 26,7 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.





           

Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар доданд, ҳаҷми қрзи давлатии хориҷии кишвар дар зарфи 12 моҳи соли гузашта нисбат ба оғози соли 2008 ба таври номиналӣ ба миқдори 254,2 млн. (ба санаи 1.01.2008 сол ба 1 млрд. 119 млн. $) афзуда бошад ҳам, дар муносибати фоизӣ нисбат ба ММД дар ин давра 3,5 дарсад коҳиш ёфтааст. Зикр гардид, ки ба оғози соли гузашта ҳаҷми қарзи давлатӣ нисбат ба ММД 30,2 дарсадро ташкил дод.




           

«Афзоиши ҳаҷми қарзи давлатӣ аслан ба азхудкунии қарзҳои созмонҳои байнулмилалии молиявӣ ва бонки «Эксимбонк»-и Чин марбут марбут буда, хизматрасонӣ ва пардохти он дар ин давра 89,4 млн. $-ро ташкил додааст, ки аз ин миқдор 72,3 млн. $ барои пардохти қарзи асосӣ ва 17,1 млн. $ барои пардохти фоизҳои қарзҳо равона гардидааст», – гуфт манбаъ.




           

Ба иттилои манбаъ, ба хизматрасонӣ ва пардохти қарзи мустақими давлатӣ 56,5 млн. $ равона гардидааст, ки 46,5 млн. доллари он маблағҳои буҷавӣ буда, боз 10 млн. $-и он маблағи КВД Роҳи оҳани Тоҷикистон аст, ки ҷиҳати пардохти қарзи Тоҷикистон дар назди Ӯзбекистон барои транзити бор пардохта шудааст.

 



Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.