Вазири маориф: Сарвари давлат пешниҳоди роҳандозии таълими ҳатмии 11-соларо дастгирӣ кард

            Душанбе. 13-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дар нишасти матбуотӣ вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов изҳор дошт, ки вазорат ният дорад, соли ҷорӣ маълумоти миёнаи 11-соларо ҳатмӣ эълон намояд.             Ба гуфтаи ӯ, сарвари давлат ин пешниҳодро дастгирӣ кардааст ва ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Сарқонуни ҶТ дар бораи таълими ҳатмии 11-сола дар назар аст. […]

Мавҷуда Ҳасанова



           

Душанбе. 13-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дар нишасти матбуотӣ вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов изҳор дошт, ки вазорат ният дорад, соли ҷорӣ маълумоти миёнаи 11-соларо ҳатмӣ эълон намояд.





           

Ба гуфтаи ӯ, сарвари давлат ин пешниҳодро дастгирӣ кардааст ва ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Сарқонуни ҶТ дар бораи таълими ҳатмии 11-сола дар назар аст. «Танҳо соли гузашта пас аз хатми синфи нӯҳум 27 ҳазор нафар духтарон аз таҳсил барканор монданд, ки ин 39 дарсад аз шумораи умумӣ мебошад», – гуфт ӯ.




           

А.Раҳмонов мегӯяд,

 

бо назардошти ба муассисоти тълимии ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дохилл гаштани духтарон ба миқдори 15 дарсад, ба хулосае омадан ммукин аст, ки шумораи боқимондаи онҳо аз маълумоти миёнаи пурра бархӯрдор нахоҳанд буд. «Волидайн бо истифода аз Сарқонуни ҷумҳурӣ дар бораи таълими ҳатмӣ то синфи 9 духтаронро ба идомаи таҳсил иҷоза намедиҳанд», – гуфт ӯ.




           

Дар ҳамин ҳол, вазир норасоии ҷойи нишаст дар макотиби таҳсилоти умумии кишварро таъкид сохта, аз соҳибкорону сарпарастон дархост кард, ки ҷиҳати ҳалли ин масъала ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дасти ёриву мадад дароз намоянд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.