Шурӯъ аз оғози сол дар Покистон 250 нафар узви ҲИӮ боздошт шуданд, ки миёни онҳо шаҳрвандони тоҷик низ ҳузур доранд

Наргис Ҳамробоева



           

Душанбе. 29-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» –

 

Имрӯз дар мулоқоти вазирони умури дохилии Тоҷикистону Покистон Абдураҳим Қаҳҳоров ва Раҳмон Малик изҳор гардид, ки шурӯъ аз оғози сол дар Покистон 250 нафар узви Ҳаракати исломии Ӯзбакистон боздошт шуданд, ки миёни онҳо шаҳрвандони тоҷик низ ҳузур доранд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз ВКД ҶТ иттилоъ доданд, дар мулоқот масоили вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои вазоратҳои умури дохилии кишварҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷониби Тоҷикистон барои баррасӣ лоиҳаи Созишнома дар бораи мубориза бо ҷинояткории муташаккил ва терроризм дар сатҳи байнидавлатӣ ё байниҳукуматӣ ва лоиҳаи қарордоди байниидоравӣ дар бораи ҳамкорӣ дар мубориза бо ҷинояткориро пешниҳод сохтааст.



«Раҳмон Малик пешниҳоди имзои қарордоди байниидоравиро дастгирӣ карда, ҷониби Тоҷикистонро мӯътақид сохт, ки Покистон баҳри муқобилат бо терроризм ва пурсамар гардонидани фаъолияти ҷонибҳо дар ин самт тамоми чораҳоро хоҳад андешид», – афзуд манбаъ.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.