Президенти Афғонистон Ҳомид Карзай вориди Душанбе шуд

            Душанбе. 29-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Нимаи дуввуми имрӯз президенти Афғонистон Ҳомид Карзай бо сафари кории дурӯза вориди Тоҷикистон шуд.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти Вазорати умури хориҷии ҶТ иттилоъ доданд, пас аз ворид гардидан ба Тоҷикистон Ҳомид Карзай бо сарвари давлати Тоҷикистон гуфтушунид кардааст.             Бино ба иттилои […]



           

Душанбе. 29-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Нимаи дуввуми имрӯз президенти Афғонистон Ҳомид Карзай бо сафари кории дурӯза вориди Тоҷикистон шуд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти Вазорати умури хориҷии ҶТ иттилоъ доданд, пас аз ворид гардидан ба Тоҷикистон Ҳомид Карзай бо сарвари давлати Тоҷикистон гуфтушунид кардааст.




           

Бино ба иттилои манбаъ, чанде баъдтар президенти Афғонистон дар маросими гузоштани хишти аввали таҳкурсии бинои сафоратхонаи Афғонистон дар Тоҷикистон, ки дар микрорайони 82-уми пойтахт бунёд мегардад, ширкат хоҳад варзид.



          Нимаи аввали рӯзи 30-юми июл вохӯрии сеҷонибаи сарони кишварҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон доир гардида, дар нимаи дуввуми рӯз ба мулоқот президенти Русия низ ҳамроҳ хоҳад шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.