Ба таъсиси Хадамоти оташнишонии ВКД ҶТ 81 сол пур шуд

Валентина Кондрашова




           

Душанбе. 30-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз ба таъсиси Хадамоти оташнишонии ВКД ҶТ 81 сол пур шуд.







           

Муовини аввали сардори хадамоти мазкур К.Салоҳиддинов дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 518 ҳодисаи сӯхтор рух додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 89 ҳодиса камтар аст.






           

Ба гуфтаи К.Салоҳиддинов, яке аз сабабҳои асосии сар задани сӯхтор насби нодурусти симҳо ва дастгоҳу таҷҳизоти барқӣ буда, зимни сохтмони манзилҳои истиқоматии нав талаботи зарурии меъёрҳо сарфи назар карда мешавад. «Сабаби дигари бештар сар задани ҳодисаҳои сӯхтор – истифодаи нодурусти таҷҳизоти газӣ аст ва қариб 29 дарсади ҳодисаҳои сӯхтор бо ин сабаб рух медиҳанд», – гуфт ӯ.






           

К.Салоҳиддинов афзуд, муносибати беэҳтиётона бо оташ (19,5 дарсади ҳодисаҳо) низ дар аксари маврид ба сар задани сӯхтор боис мегардад ва дар зарфи шаш моҳи соли ҷорӣ ба иллати бозии кӯдакон бо гӯгирд 51 ҳодисаи сӯхтор (11 дарсад) ба амал омадааст. «Қариб дар 99 дарсади мавридҳо ҳодисаҳои сӯхтор бо айби худи шаҳрвандон рух медиҳанд, зеро онҳо ба рияои талаботи қоидаҳои зарурии бехатарӣ эътибори ҷиддӣ намедиҳанд», – афзуд ӯ.



Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...