Дар ҷумҳурӣ ҳосили гандум аз 75 дарсади майдони кишт ҷамъоварӣ карда шуд

Мавҷуда Ҳасанова



           

Душанбе. 30-юми июл. ОИ «Азия-плюс» – То имрӯз қариб дар майдони 200 ҳазор гектар замин кишти ҷумҳурӣ ҷамъоварии ҳосили гандум ба анҷом расид, ки ба 75 дарсад аз ҳаҷми умумии заминҳои кишти гандум баробар аст.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сардори раёсати рустанипарварии Вазорати кишоварзии ҶТ Саидмурод Баҳриддинов иттилоъ дод, соли равон ҳосилнокӣ ба ҳисоби миёна 27 сентнер аз як гектарро (соли гузашта – 18,7 сентнер) ташкил дода, он дар баъзе хоҷагиҳо ба 50-60 сентнер мерасад ва то имрӯз зиёда аз 455 ҳазор тонна гандум захира шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 220 ҳазор тонна зиёдтар мебошад.




           

Ба гуфтаи номбурда, ба ҷуз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ҷамъоварии оммавии ҳосили гандум шурӯъ шудааст.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...