Занони соҳибкори бозори «Корвон» аз рафтори тоҷирони чиноӣ изҳори нигаронӣ мекунанд

Date:



           

Душанбе. 31-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Гурӯҳи занони соҳибкори бозори «Корвон» иборат аз 50 нафар ба Ассотсиатсияи занон – соҳибкорони «Кадбону» бо мактуб муроҷиат намуда, изҳор доштаанд, ки ҷойи онҳоро дар бозор танг месозанд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ассотсиатсия Сабоҳат Раҳимзода иттилоъ дод, занон аз он изҳори нигаронӣ кардаанд, ки тадриҷан ҷойҳои фурӯши онҳоро тоҷирони чиноӣ соҳиб шуда, онҳо бидуни қайди макони будубош ва қочоқи маҳсулот дар бозор ба савдо машғуланд. «Занон ҳамчунин зикр карданд, ки аз ҷониби тоҷирони Чин нисбат ба онҳо беҳурматӣ зоҳир гардида, ман худам шахсан пас аз шиносоӣ бо вазъ бевосита дар бозор ба ин гуфтаҳо бовар ҳосил кардам ва чунин ҳолат бештар дар фурӯшгоҳҳои матоъ ба мушоҳида мерасад», – гуфт ӯ.




           

Номбурда чунин мешуморад, ки «муроҷиати занон натанҳо арзи дили онҳост, балки ошкоро вайрон кардани талаботи меъёрҳои таъмини амнияти кишвар аст». «Бо такя ба муроҷиатнома мо унвонии президенти ҷумҳурӣ, мақомоти шаҳрдории пойтахт ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ мактуб ирсол кардем ва дар посух моро Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон дастгирӣ кард, вале кормандони масъули бозор ба занон таҳдид кардаанд, ки онҳо метавонанд умуман дар бозор аз ҷойи корӣ маҳрум карда шаванд», – изҳор дошт вай.




           

С.Раҳимзода афзуд, бо мақсади дастгирии занон ассотсиатсия аз номи худ дар бозор ҷойи фурӯш харидорӣ намуда, ба онҳо пешкаш хоҳад кард.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...