Дар Душанбе масоили таъсири тамоилҳои ҷаҳонии нарх ба бахшҳои иқтисод дар шароити кунунӣ баррасӣ шуданд

            Душанбе. 31-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде пештар зимни вохӯрии вазири молияи ҶТ Сафаралӣ Наҷмиддинов бо намояндаи вазорати молияи ИМА Том Ланер масъалаи таъсири сартосарии бӯҳрони молӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва оқибатҳои он ба иқтисоди Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати молияи ҶТ иттилоъ доданд, ҷонибҳо […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 31-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде пештар зимни вохӯрии вазири молияи ҶТ Сафаралӣ Наҷмиддинов бо намояндаи вазорати молияи ИМА Том Ланер масъалаи таъсири сартосарии бӯҳрони молӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва оқибатҳои он ба иқтисоди Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати молияи ҶТ иттилоъ доданд, ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масоили таъсири тамоилҳои ҷаҳонии нарх ба бахшҳои иқтисод дар шароити кунунӣ ибрози ақида карданд. «С.Наҷмиддинов ба рушду густариши минбаъдаи муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону ИМА изҳори боварӣ кард», – гуфт манбаъ.




           

Дар ҳамин ҳол, чанде пештар вохӯрии Т.Ланер бо раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Фаррух Ҳамралиев доир гардид.




           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз кумитаи мазкур иттилоъ доданд, дар ҷараёни мулоқот гузориши таҳлили тамоилҳои нархҳои ҷаҳонӣ ба арзиши маҳсулоти асосӣ, аз қабили нафту газ, тилло, гандуму пахта ва нишондиҳандаҳои саҳмияҳо ҳам дар биржаҳои аврупоӣ ва ҳам дар кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта муаррифӣ шуд. «Зикр гардид, ки арзиши аксари маҳсулоти истифодаи умум ва саҳмияҳо коҳиш ёфта, танҳо арзиши баъзе маҳсулот, аз ҷумла нархи тилло ва мис устувор боқӣ мондааст», – гуфтанд дар кумита.




           

Дар навбати худ, Ф.Ҳамралиев ба меҳмон дар бораи чораҳои андешидаи ҳукумат ҷиҳати рафъи оқибатҳои бӯҳрони молӣ маълумот дода, изҳор доштааст, ки ҳукумати кишвар самтҳои афзалиятнокро, ки ба рушди бахши энергетика ва мухобирот равона гардидаанд, муайян крдааст. «Сарфи назар аз бӯҳрони молӣ, ҳукумат ният дорад, ки ӯҳдадориҳои ба зимма гирифтааш дар бахши маблағгузорӣ ба татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоиро пурра ба иҷро хоҳад расонд», – баён доштааст Ф.Ҳамралиев.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.